Бо мақсади рушди устувори китобхонаҳо, таҳкими заминаҳои моддиву техникии онҳо, рушду тавсеа, истифодаву корбурди китоб дар ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳои давлативу ҷамъиятӣ, ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ ба китобхонаҳо, тақвияти зеҳниву маънавии сокинони пойтахт санаи 13.02.2024 дар консерваторияи миллии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Китобхонаи беҳтарин” баргузор гардид.
Боиси ифтихор аст, ки Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Китобхонаи беҳтарин” аз рӯи номинатсияи “Китобхонаи беҳтарини илмӣ – соҳавӣ” сазовори ҷойи 2-юм гардид.