Рӯзҳои 25-30 сентябри соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 102 шаҳри Душанбе даври сеюми (даври шаҳрии) озмуни ҷумҳуриявии “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” баргузор гардид.
Боиси ифтихор аст, ки дар озмуни мазкур донишҷӯи курси 4-уми (4-солаи) факултети энергетика ва техникаи тиббии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ Акрамов Акобир ширкат варзида, аз рӯйи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” сазовори ҷойи III (сеюм) гардид.
Раёсати коллеҷи техникӣ ба Акрамов Акобир ҷиҳати идомаи иштирок ва талош баҳри ба даст овардани яке аз мақомҳои ифтихорӣ дар даври ниҳоӣ – даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» барору комёбӣ таманно менамояд!