Хонандаи курси 1-уми Шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ Камолов Ҷаҳонгир Соҳибназарович дар шаҳри Аягози Ҷумҳурии Қазоқистон дар вазни 52 кг бо мағлуб кардани ҳарифони худ барандаи нишони тиллои мусобиқаи байналмилалӣ бокс миёни наврасон гардид.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи байналмилалӣ бокс миёни наврасон ба хотири Нуркосим Жилкибаевич миёни муштзанони навраси солҳои таваллудашон 2008-2009 аз 10-ум то 15-уми сентябряи соли ҷорӣ дар шаҳри Аягози Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Аз ин хотир раёсат, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни коллеҷи техникӣ Камолов Ҷаҳонгир Соҳибназаровичро барои ғолиб омаданаш дар ин мусобиқаи байналмилалӣ самимона табрику шодбош намуда, ба ӯ саломативу сарбаландӣ, пирӯзиву хушнудӣ, хониши хубу аъло ва фатҳи қуллаҳои баландро орзу менамоянд.