Донишҷӯи курси якуми ихтисоси 2-690101-меъмории факултети сохтмон ва технологияи иттилоотии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ Мирзоев Аҳмадҷон дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба кикбоксинг WAKO, ки аз санаи 23 то 30 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, сазовори ҷой дуюм гардид.

Раёсати коллеҷи техникӣ ва садорати факултет, донишҷӯ Мирзоев Аҳмадҷонро барои сазовор гаштан ба чунин ҷоиза табрик ва шодбошӣ гуфта, барояш тансиҳати, рӯзгори хушу осуда, хониши аъло ва дастовардҳои зиёди варзиширо таманно доранд.