Рӯзи 24 – уми майи соли 2024 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки аз коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ 5 нафар омӯзгорону донишҷӯёни ғолибон бо мукофоти пулӣ, ифтихорнома ва раёсати коллеҷ бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ гардид.

Қайд намудан ба маврид аст, ки озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар соли шашум аст, ки доир мегардад.

Боиси зикр аст, ки имсол дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ 12 нафар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуда, 2 нафар омӯзгор, 2 нафар донишҷӯ ва 1 нафар хонандаи ШТИК ба даври минбаъда (шаҳрӣ) роҳ ёфтанд:

  1. Акрамова Нуринисо – аз рӯи номинатсияи эҷоди назм, сазовори ҷойи 2-юм;
  2. Ташрипов Насриддин – аз рӯи номинатсияи эҷоди назм, сазовори ҷойи 3-юм;
  3. Набиева Марям – аз рӯи номинатсияи эҷоди назм, сазовори ҷойи 3-юм;
  4. Давлатова Сумая – аз рӯи номинатсияи эҷоди наср, сазовори ҷойи 3-юм;
  5. Усмонзода Шаҳром – аз рӯи номинатсияи эҷоди наср, сазовори ҷойи 3-юм;

Раёсати коллеҷи техникӣ ҳамаи ғолибони даври ноҳиявии озмунро бо ин дастовард табрику таҳният намуда, ба ғолибон дар давраҳои минбаъда барору комёбиҳоро таманно дорад.