Санаи 04.09.2024 дар толори маҷлисгоҳи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо иштироки раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ, муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Баҳрулло инчунин омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни коллеҷи техникӣ, аз ҷониби мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Давлатзода Музаффар Салим ба директори коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ доктори илмҳои техникӣ и.в. профессор Саидзода Масрур Мирзохон барои фаъолияти босамар ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.