Тоҷикистон -давлати ҳуқуқбунёд , демократӣ ва дунявӣ буда, дар тӯли 33-соли истиқлолияти худ тавонист ормонҳои чандинсолаи халқи тоҷикро ҷиҳати таррануми фарҳангу анъанаҳои қадимаро ҳифз ва пиёда гардонад.

Имрӯзҳо, Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тавонистааст ба як кишвари аз ҷиҳати амн дар саросари ҷаҳон шинохта шуда, сулҳу ваҳдати сартосариро барои халқи тоҷик таъмин намоянд. Албатта, расидан ба ин мақсад кори саҳлу оддӣ нест, чунки таърих гувоҳ аст, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ба чӣ қадар мушкилот фарогир буданд. Ҷанги бародаркуши солҳои 90-уми асри гузашта аз хотираи ҳеҷ кас фаромуш нашудааст.

Шукргузорӣ аз он менамоем, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеа ва давлати мо тараққӣ карда истодааст. Аз ҷумла, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар сатҳи баландкафолат дода мешавад.

Ҷавонон, ки қишри асосии ҷомеаи имрӯзаро ташкил медиҳанд, бояд пайваста аз ин ҳама ободкориҳои ҷомеаи имрӯза рӯҳбаланд гардида, барои боз ҳам амалӣ гардонидани ҳадафҳои асосии имрӯзаи роҳбарияти давлат саҳми беандозаи худро гузоранд.

Сиёсати имрӯзаи роҳбарияти кишвари азизамон нисбати дастгирии ҷавонон беандоза буда, барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии тадбирҳои амалӣ вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмин кардани иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди њар як ҷавон давра ба давра вусъат ёфта истодааст.

Омӯзиши илмҳои муосир , баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, пеш аз ҳама, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ метавонад сари вақт ба ҳадафҳои саноатикунонии босуръати кишвар бирасонад.

Пайваста Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳояшон ба аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон таъкид месозанд, ки рӯ овардан ба китобу китобхонӣ метавонад, шахсро аз тамоми ҷаҳолат ва даст задан ба кирдорҳои ношоиста, шомил гардидан ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ баргардонад.

Аз ин рӯ ҷавононро мебояд, ки ба ҳар як ҳангомаҳою овозаҳоро дода нашуда, пайваста рӯ ба тарзи ҳаёти солим оваранд ва тавонанд, ки бо донишу маҳорати худ ва дигар ҷанбаҳои неки инсонӣ номи давлати азизамонро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоранд ва сиёсати имрӯзаи роҳбарияти давлатро дастгирӣ намуда, ба қадри обу хоки ин ватани азиз бирасанд.

Раджабов Абдусалим , муаллими калони кафедраи нақлиёт ва технология