САБАБҲОИ КАҶ-РАФТОР ШУДАНИ НАВРАСОН

Дар ҳама давру замонҳо проблемаи нисбатан душвор ин тарбияи наврасон буд. Феълан, бо сабаби ба тағйироти кулли дигар шидани ҷомеаи башари ин проблема диққати олимон ва мутаххасисони соҳаро боз ҳам бештар ба худ ҷалб кардааст.

Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро маҳз давраи наврасиро давраи душвори тарбия ва қисме аз онҳоро «навраси душвор» меноманд? Оё кӯдакон ва калонсолон аз ин доира берун мемонанд.

Давраи наврасӣ табиатан давраи душвор ва пурҷӯшу хурӯш дониста шудааст. Зеро наврасон дар ин давра бо тағйироти куллии равонию ҷисмонӣ рӯ ба рӯ мегарданд ва ин дар навбати худ ба худбаҳодиҳии онҳо бетаъсир нахоҳад монд. Маҳз анна, ҳамин ҳодиса, ки як давраи нисбатан кӯтоҳро дар бар мегирад, метавонад боиси тағйир ёфтани муносибати наврас бо атрофиён гардад.

Тағйироти кулли биологие, ки дар организми наврасон ба вуҷуд меоянд, дар заминаи онҳо як қатор хусусиятҳои нави психологӣ шакл мегиранд. Ин тағйиротҳои ба амал омада ба каҷрафтор шудани наврасон сабаб мешаванд.

Бояд гуфт, ки асоси рафтори наврасони «душвортарбия»-ро беодобӣ, гапнодарои, каҷрафторӣ, бераҳми ва дағали ҳангоми муносибат ва муошират ташкил мекунад. Онҳо кӯшиш мекунанд вазъияти низоъангез, носолим ва ҷангҷолиро ба миён оранд. Дар содир намудани амалҳои ношоиста майл зоҳир мекунанд. Инчунин онҳо ба асонӣ таъсиррасониҳои тарбиявиро қабул мекунанд ва баъзан муқобилият нишон додану пурра рад кардани онро ифода менамоянд.

Ба монанди: «Аз зиндаи бекор, мурда беҳтар аст», «Бекорон бебароранд, аз баракат дар каноранд» ва ғайраҳо.

Ба хотир овардан лозим аст, ки мақолҳои халқӣ чунин нишонрасу дақиқанд, ки онҳо дар ягон давру замон инкор нахоҳанд шуд ва эҷодиёти ҳамаи адибони классику муосир низ аз фолклор об хурдааст.

Бекори – сабаби асосӣ ва заминаи аслии ҳамма гуна дараҷаи душвортарбиягии на танҳо наврасон, балки кудакону калонсолон аст. Чун, ки маҳз бекорӣ одамонро новобаста аз сину сол ба содир намудани аъмоли баду ношоиста ҷалб медиҳад. Ҳамчунин шахсоне, ки бекор мегарданд, онҳоро бе шубҳа, дуздиву ҳаромкорӣ домангир хоҳад буд. Бояд гуфт, ки одам, ба хусус наврасе, ки ҳиссиёти ахлоқиаш нав шакл гирифта истодааст, ҳангоми бекори ба анҷом додани корҳое қодир аст, ки ҳатто ин ҷо гуфтани баъзе аз онҳо шояд аз доираи одоби сухангӯи берун бошад. Ва ана ҳамин бекорӣ метавонад дар оянда яке аз сабабҳои аслии бадбахтии инсон гардад.

Зеро муссалам аст, ки дар бештари маврид нафаре, ки ҷои кори доимӣ дорад, ё худ духтур аст, меъмор аст;… наметавонад бе ҳеҷ ваҷҳ дар содир кардани ҷиноят даст дошта бошад. Дар ин кор танҳо он нафаре, ки ӯ ба фаъолияте машғул нест ва ё ба оворагардӣ ном баровардааст, метавонад даст дошта бошад.

Аммо ба ҳар сурат кудаконе ки ба кудакистон мераванд, онҳо ҳатман ҳаммарӯза ки тибқи реҷаи муқарраркардаи маъмурияти кудакистон ба хоби маҷбури нисфирӯзӣ водор карда мешаванд, ва албатта, ҳаммаи онҳо маҷбур ҳастанд, ки ба талаботҳои мураббиён итоат кунанд ва бечунучаро талаботҳои реҷаи рӯзро риоя намояд, ҳарчанд, ки инро нахоҳанд ҳам. Ва ин ҷо бешак, гуфтан мумкин аст, ки албатта, хоби ҳаммаи кӯдакон баробар намебарад. Ҳастанд кӯдаконе, ки хобашон зуд ё дер мебарад ва ҳастанд кӯдаконе ки умуман хобашон намебарад ва инҳо кудаконеанд, ки нисбатан кам монда шудаанд, ҳамчунин аз зумраи кӯдакони камхобанд.

Оё ба ҳамин монанд ҳодисаҳоро чӣ дар ҳаёти кӯдакон ва чӣ дар ҳаёти наврасон назорат кардан мумкин аст, ки ҳамвора сабаби душвортарбиягии наврасонро аз беназорат мондани онҳо медонем. Бояд зикр кард, ки мо ин ҷо бо овардани танҳо як мисоли воқеӣ қаноатманд шуда, наметавонем. Ин дар ҳолест, ки аз ҳаёти кӯдакону наврасон садҳо ин гуна мисолҳо овардан мумкин аст.

Азбаски фаъолияти таълимӣ дар давраи наврасӣ ҳамчун фаъолияти асосӣ қарор мегираду басо мураккаб ва сафарбар намудани нерӯи зиёди равониву асабиро тақозо мекунад, на ҳар наврас хоҳиши пурра ба он машғул шуданро дорад. Ҳамчунин фаъолияти меҳнатӣ низ иловатан нерӯи зиёди ҷисмониро талаб мекунад.

Аз ин рӯ, аксари наврасон бидуни маҷбуркунии дигарон (муаллимон, волидайн) ба он машғул шудан намехоҳанд. Чун ба он машғул нашуданд, албатта бекор хоҳанд монд.

Аз ин лиҳоз, дар ин давра наврасонро мебояд бо дарки он, ки ҳамакнун давраи кӯдакиро паси сар намудаанд, пайваста ба ҳар роҳе, ки набошад дониш омӯзанд ва дар роҳи омӯхтани илму ҳунар камари ҳаммат банданд, то ки лаҳзае бекор намонанд.

Ба ин мазмун яке аз шоирони адабиёти тоҷику форс Низомии Ганҷавӣ ҳанӯз дар замони худ хеле хуб фармудааст.

Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ,

Чун бул ба чаман ҳавола будӣ.

Акнун, ки ба чаҳордаҳ расидӣ

Чун сарв ба авҷ сар кашидӣ.

Ғофил манишин на вақти бозист,

Вақти ҳунар асту сарфарозист,

Дониш талабу бузургӣ омӯз.

То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.

Дар ин даври пешрафти илмиву маънавӣ ҷавонони моро лозим меояд, ки илмҳои замонаро пурра аз худ намоянд ва аз дастовардҳои оламиён бохабар бошанд, вагарна дар арсаи байналмилалӣ худро муаррифи кардан душвор аст. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳаммаи шароит фароҳам оварда шудааст. Дар мактабҳои миёнаи мо таҳсил ба таври ройгон сурат мегирад. Дар мактабҳои олӣ низ гурӯҳҳои буҷавӣ бештар сурат мегирад, ки дар бисёр давлатҳо таҳсил ин гуна нест.

Дар фароварди сухан ҳаминро зикр карданӣ ҳастем, ки ҳамаи он далелу тафсилоте, ки ин ҷо оварда шуданд, ҳама аз таҷрибаву мушоҳидаҳои ҳаётӣ буданд ва ин ҷо танҳо ба хотири то ҷое исбот гаштани он, ки бекорӣ сабаби аслии ҳама гуна дараҷаҳои душвортарбиягии наврасон дониста шавад, зикр гаштанд. Зеро танҳо бо кор фармудани тафаккури солим ва хулосаи дуруст баровардан аз мушоҳидаву таҷрибаи зиндагӣ инсон метавонад сабабҳои ҳақиқии ин ё он ҳодисаҳоро ба таври саҳеҳ ошкор созад ва минбаъд барои пешгирӣ кардани онҳо чораҳои мушаххас андешад.

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро бар кор ояд.

Шодмонов Хуршед Орифович – ассистенти кафедраи фанҳои гуманитрӣ ва ҳуқуқи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ