Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Зимни ироаи Паёми солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар ҳоли ҳозир дар низоми маорифи кишвар ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат мавриди татбиқ қарор доранд. Ин тадбирҳои муҳим ба рушду такомули низоми таълиму тарбия, татбиқи босамари ислоҳоти соҳа, дастгирии ҳамаҷонибаи муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон, таълифи китобҳои дарсии насли нави ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ва таҷдиди куллии мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамоянд. Татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои мазкур дар пешрафти устувори соҳаи маориф ва омода намудани мутахассисони баландихтисос барои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар нақши муҳим мебозанд. Таъкид бояд кард, ки сиёсати маорифпарварона ва ҳикматомези Пешвои муаззами миллат, ки самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад, хусусияти ояндасоз ва манфиати стратегӣ дошта, ба таҳкими устувори пояҳои давлатдории навини тоҷикон, рушди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ташаккули миллати ягонаву муттаҳид нигаронида шудааст. Дар ин замина, ба таҳия, қабул ва татбиқи пайгиронаи стратегияву барномаҳои давлатӣ ҳамчун механизмҳои калидии танзими фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Ин ҳуҷҷатҳои барномавӣ, ки дурнамои рушди соҳаро муайян месозанд, имкон медиҳанд, ки ҳадафҳои стратегии давлат дар самти маориф бо назардошти ҳалли мушкилоти мавҷуда ва воқеияти рӯз марҳила ба марҳила амалӣ карда шаванд.
Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон супориш додаанд, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.
Хураснидиовараш ин аст, ки дар Паёми имсолаашон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шуд ва маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шуд. Мусаллам аст, ки рушди маориф бо пешрафти соҳаи илм пайванди ногусастанӣ дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки дар баробари ин, бояд гуфт, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад.
Ҷавобан бо ин ҳама ғамхориҳои Пешвои муаззами Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар фарди миллати точикро махсусан омӯзгоронро зарурат меояд, ки дар иҷрои рисолати касби хеш софдилонаю содиқона барои рушди соҳаи маориф ва соҳибдониш намудани фарзандони миллати тоҷдори Тоҷик заҳматҳои ҳамешаги кашему барои инкишофу пешрафти Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем, зеро миллати тоҷик аз қадимулаём бо бузургмардони роҳи дониш равшангари имрӯзи фардои миллтанд ва ҷаҳониён моро бо фарҳангу донишу донишмандонамон мешиносанду эҳтиром мекунанд.
Ғуломова Фараҳнӯш – сармутахассиси шуъбаи илм ва инноватсияи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ