Кафедраи забони тоҷикӣ
Кафедраи забони тоҷикӣ ҳамчун зерсохтори коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ фаьолияти худро мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи маьориф», Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ », Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи санадҳои меьёрии ҳуқуқӣ », Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника », низомномаҳо, қоидаҳо ва дастурамалҳои қабул намудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон, оиномаи коллеҷ, низомнома, қоидаҳо ва дастурамалҳои қабулнамудаи Коллеҷ, фармонҳои директор, дастурамали вазифавӣ, инчунин, нақшаи кори Шӯрои олимон, маьмурият, кафедра ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ мондааст.
Солҳои таҳсили 2016-2017 муаллими калон Шарипова Лайло роҳбарӣ намудаанд.Соли таҳсили 2017-2018 бо фармоиши директории муассиса н.н.и.дотсент Асроров У.С кафедраи забони тоҷикӣ бо ду кафедра, яъне кафедраи забони тоҷикӣ ва кафедраи забонҳои хориҷӣ карда шуд.Дар ин муддат роҳбари кафедраи забони тоҷикиро Назаров Холназар,роҳбарии кафедраи забонхои хориҷиро Кимабӣ Элназар с.2017-2018 ва с.2018-2019 Шарирпова Адолат ба уҳда дошт Моҳи майи соли 2019 №10 бо фармоиши директори муассиса н.н.и.,дотсент Асроров У.С кафедраи забонҳои хориҷӣ ва кафедраи забони тоҷикӣ якчоя карда шуда, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра Назаров Холназар Давлатшоевич таъин карда шуд. То моҳи феврали соли 2020 роҳбарии кафедраро ӯ ба ӯҳда дошт. Аз моҳи феврали соли 2020 кафедраи забонҳо бо ду кафедра, яъне кафедраи забони тоҷикӣ ва кафедраи забонҳои хориҷӣ ҷудо карда шуд. Аз он вақт то ҳол вазифаи мудири кафедраи забонҳои тоҷикиро Назаров Холназар иҷро мекунад.
Назаров Холназар Давлатшоевич рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Афкори педагогӣ – ахлоқӣ дар ҳамосаи “Гӯрғулӣ” 28.03.2020 ба дифоъ расонид. Ҳоло дар кафедраи забони тоҷикӣ 16 нафар омӯзгор фаъолият доранд, ки 10 нафар омӯзгори асосӣ, 2- нафар ҳамкори дохила ва 3 нафар ҳамкори беруна ва як нафар ҳуҷҷатнигор мебошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомаӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон бо зиёиёни кишвар қайд карда будан, ки “Омӯзгорӣ муқадастарин пешаи руйи олам аст.Бедории фикр,покизагии ахлоқ ва ташаккули тафаккури зеднӣ аз меҳнати шаборӯзии омӯзгор вобастагӣ дорад.”
Аз ин лиҳоз, омӯзгорони кафедраи забонҳо ин суханҳои Пешвои миллатро ифтихори пешаи хещ дониста, фориғ аз дарсҳо ба таълифи мақолаҳои илмӣ, оммавӣ ва дастурҳои таълимӣ методӣ машғул ҳастанд. Хулоса кафедраи забонҳо фаъолияти худро мунтазам дар доираи қонунгузории ҷорӣ нақша – чорабиниҳои кафедра дастуру супориш ва фармонҳои директори коллеч ба роҳ монда, дар самти илмию эҷодӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст.
Ҳайати омӯзгорони кафедра
Содиқова Матлюба Сайфуллоевна
н.и.п. дотсент Санаи таваллуд 25 декабри соли 1966 ) Миллат: тоҷик Маълумот олӣ
Шуъбаи забон ва адабиёти руси ДБЗХТ ро соли 1989 хатм намудааст
Ихтисос: филолог
Бо ифтихорномаи Вазорати маьориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шудаст. Аълочии маориф.