Санаи 17.12.2021 дар толори қироатхонаи коллеҷи техникӣ маҳфили илмӣ- адабӣ ва фарҳангӣ  таҳти унвони «Ало шеъри аҷам фардо маро ту зинда хоҳӣ дошт» бо иштироки шоира Зарафшони Хуросон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Назаров Холназар – мудири кафедраи забони тоҷикӣ маҳфили илмиро ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба донишҷӯёну омӯзгорони муассиса ошно намуд.

Қайд гардид, ки дар маҳфили мазкур шоираи бисёр ҳам хушсухану хушсалиқа ва ганҷофару маърифатпарвар Зарафшони Хуросон бо тахаллуси «Моҳи Хуросон» иштирок дорад ва худи ӯ фармудааст:

Намо равшан дили Моҳи Хуросон,

Нишин дар маҳфили Моҳи Хуросон.

Агар хоҳи зари холис биёбӣ,

Гузар аз соҳили Моҳи Хуросон.

Шоираи хушсалиқа – Зарафшони Хуросон ба сухан баромада, донишҷӯёнро водор намуд, ки миллати тоҷик саросар шеърдӯсту суханвар мебошанд. Имрӯзҳо, ки дар саросари ҶТ бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат «Озмуни фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» рафта истодааст, моро, махсусан наврасону ҷавононро мебояд, ки осори гузаштаву имрӯзаи халқи худро аз худ намоем. Дар поку тоза нигоҳ доштани забон ва ба наслҳои минбаъда беолоиш  супоридани он бояд ҳар шахси бонангу ор ва ватандӯст саъю кӯшиши худро дареғ надорад.

Ӯ бо донишҷӯён сари масъалаи қазияи Афғонистон ва миллати тоҷик баҳсу мунозираҳои судманд намуда якчанд шеъри худро қироат кард.

Ифтихоре дорам аз номи баланди Пешво,

Мекунам такрор ҳар як лаҳза панди Пешво.

Менависам ман суруди эътиқоди хешро,

Зершаҳре бар китоби дилписанди Пешво.

 

Ҳаме фахрам даме аз Оли Сосон,

Ҳаме фахрам ҳаме аз Оли Сосон.

Вале фахрам кунун дар рӯйи олам,

Зи иқболи баланду Оли Раҳмон.

Баъди суханҳои пуршури шоираи мазкур донишҷӯён аз осори ӯ шеърхонӣ намуда, ба ӯ саволҳо доданд ва ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Азимов Х. – муовини директор оид ба илм ва инноватсия қайд кард, ки маҳфили имрӯзаи мо бисёр ҳам пуршукӯҳ гузашта истодааст. Хушбахтона, донишҷӯёни мо ба шеъру шоирӣ шавқу рағбати зиёд доранд. Мо низ дар байни донишҷӯён нафарони навқалам дорем, ки пайдарпай шеърҳои онҳо дар маҷалаҳо чоп шуда истодааст. Дар охир ба донишҷӯён оид ба озмунҳои фаннӣ ва корҳои илмиву эҷодии онҳо маълумоти мушаххас дода шуд.

Акрамова Н. – мудири бахши фарҳанг, ки худ шоира буда, китоби ашъори ӯ бо номи «Зан агар ошиқ шавад» рӯйи чоп баромадааст, дар вақти баромадаш дар баробари шеъру тарона сурудеро аз забони ҳунарманди халқии Тоҷикистон Барно Исҳоқова бо оҳанги хуш замзама намуд. Зикр кард, ки шеър ҳам дард асту ҳам ишқ, ҳам сӯз асту ҳам гудоз, ҳам меҳр асту ҳам муҳаббат. Ман аз хӯрдӣ бо шеър дилбастагӣ дорам. Китоби ман бо он сабаб «Зан агар ошиқ шавад» ном дорад, ки зан бояд ошиқи кор, ошиқи зиндагӣ, ошиқи ҳаёт ва ошиқи ҳамешагии Ватани худ бошад. Ба донишҷӯён рӯ оварда мегӯям, ки ҳеҷ гоҳ аз хондани китоб худдорӣ накунед, чунки китоб майнаи сарро равшан менамояд.

Ӯ аз шеърҳои худ чанд мисраъ гуфта, дар бораи осори шоираи дигар – Назокат Олимзода ақидаронӣ намуд. Дар ин раванд донишҷӯён шеърҳои Назокат олимзодаро қироат намуданд:

Қаҳрамоне бин бо толеи худодод,

Кард зуд аз панҷаи ғам мулк озод.

Боз тоҷикам ба олам муътабар шуд,

Тоҷи зарин бар сари ӯ шуълавар шуд.

Ҷашни Истиқлол дорад Тоҷикистони азизам боз,

Дар фазои беғубораш дил ҳама омодаи парвоз,

Ваҳ чӣ зебо боғу роғ оинаосо дилкашу дилбоз,

Ин Ватан ин сангари мо пуштибони мост аз оғоз

Пас муборак бод рӯзи ҷашни Истиқлоли ин меҳан

Ҳозирам андар дифоаш чун бародар якдилу яктан.

Ҳакимов З.Р. – муовини директор оид ба робитаҳои хориҷӣ ба сухан баромада, оид ба масоили забоншиносӣ, мавҷуд будани саҳву ғалатҳои зиёд дар китобҳои дарсӣ, мувофиқат накардани мазмуни китобҳо ба синну соли донишомӯзон андешаҳои худро баён намуданд. Ӯ оид ба нуфузи шеъри тоҷикӣ – форсӣ дар адабиёти ҷаҳонро маънидод намуда, донишҷӯёнро ба хондан ва навиштани шеъру ғазал ва дигар жанрҳои адабӣ ҳидоят намуд.

Назаров Холназар дар охири маҳфил қайд намуд, ки:

Шунидам, ки бошад забони сухан,

Чу алмоси буррону теғи куҳан.

Сухан бифканад минбару дорро,

Зи сӯрох берун кашад морро.

Ӯ дар суҳбати худ аз аз китоби Пешвои миллат «Забони миллат – ҳастии миллат чунин овард»:

«Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаёт бахшидааст. Бинобар ин, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад».

Забони давлатӣ, дар ҳақиқат, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо забонро мисли Истиқлолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем.

Воқеан, ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замонҳо тавассути забон ҳифз мегардиданд.

Забон, инчунин, воситаи муқтадири сарҷамъии миллат ва ҳамаи онҳоест, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд. Яъне, бақои забон бақои миллат ва фанои забон фанои миллат аст.

Дар баробари ин қайд кард, ки «Забони тоҷикӣ дар гирудорҳои шадид ва тохтутозҳои бераҳмонаи аҷнабиён на танҳо ҳастӣ ва покии худро нигоҳ дошт, балки ғосибонро маҷбур намуд, ки онро ҳамчун забони девону дафтар ва давлатдории хеш қабул кунад».

Дар дунё беш аз 6800 забон вуҷуд дорад, ки 24 оиларо дар бар мегирад. Аз Истамбул, Дакани Ҳиндустон, Хитой  то Уйғур интишори дини ислом ба забони тоҷикӣ сурат мегирифт.

«Забони тоҷикӣ ҳамон забонест, ки «Авесто», «Динкард», «Катибаи бесутун» ба ин забони ширину гуворо навишта шудааст, аз ин рӯ дӯст доштани забон ин дӯст доштани Ватан,  дӯст доштани Модар ва дӯст доштани таъриху тамаддун аст».

Дар фарҷом, донишҷӯёни муассиса хотири иштирокчиёни маҳфилро бо қироати шеърҳо дар мавзӯъҳои гуногун  шод гардониданд. Дар қисмати анҷом донишҷӯён ба саволҳои худ аз меҳмонон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Ҳамчунин, рақси зебои бадахшонӣ дар лаҳзаи охир хотири бинандагонро шод гардонид.

Бахши матбуот