Рӯзҳои 10-11 ноябри 2023 тибқи нақша – чорабиниҳои раёсати коллеҷи техникӣ дар толори варзишии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ чорабинии варзишии Волейбол байни омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии (коллеҷҳои) ҳудуди шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур меҳмононон: Амиров Ҷалолиддин – намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дастаи варзишгарони коллеҷҳои ҳудуди шаҳри Душанбе яъне омӯзгорону донишҷӯён бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ иштирок намуданд.
Чорабинии мазкурро директори коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ муҳтарам Саидзода Масрур Мирзохон ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро ба муносибати оғози чорабинии мазкур хуш омадед гуфта, ба онҳо комёбиҳои беназирро таманно намуд.
Зимни баромади хеш директори коллеҷи техникӣ муҳтарам Саидзода Масрур Мирзохон қайд намуд, ки дастоварду комёбиҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ далолат ба хидматҳои бузургу арзишманди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менамоянд. Сарвари давлат дар як мудддати кӯтоҳ тавонистанд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, барои халқи тоҷик шароити зиндагии шоиставу арзанда муҳайё созанд.
Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид.
Пешвои муаззами миллат барҳақ фармудаанд: “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадами нахустин гузошта шуд”.
Боиси ифтихору сарбаландист, ки дастаи варзишгарони коллеҷи техникӣ миёни омӯзгорон ва ҳам миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҳудуди шаҳри Душанбе сазовори ҷойи 1-ум гардидан.
Дар фарҷоми чорабинии варзишӣ ғолибони озмун бо диплому сипоснома ва ифтихорномаҳои раёсати коллеҷи техникӣ қадрдонӣ карда шуданд.