Омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ! Бо камоли самимият ҳамаи Шуморо ба муносибати 29-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, бурдборӣ, тансиҳатӣ, сулҳу субот, тинҷию оромӣ, осмоии софу беғубор ва хушиҳои рӯзгорро таманно менамоям.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад. Конститутсия нахустин Қонуни асосии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, ки пас аз таърихи беш аз ҳазорсола аз байн рафтани давлати Сомониён қабул гардид»
Боиси ифтихору сарбаландист, ки мардуми шарафманд, некирода ва сулҳхоҳи Ватани маҳбубамон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои хушҳолию ваҳдат, шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ҷашн мегиранд.
Халқи тоҷик бори нахуст 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд, ки он поягузори Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар ва муайянкунандаи самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ҷомеаи демократӣ мебошад.
Бо қабули Конститутсия майлу иродаи халқи Тоҷикистон оид ба эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар бобати интихоби сарнавишти минбаъдаи кишвар имтиҳони ҷиддӣ буд, муайян гардид.
Конститутсия, ки дар асл шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади такдирсоз ва таъминкунандаи сарнавишти миллати мо мебошад, барои ноил шуданамон ба ҳадафҳои бунёдкорию созандагии дар назди мо қарордошта, ки мақсади ниҳоии онҳо эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад, мусоидат мекунад.
Имрӯз мо 29 – умин солгарди ин рӯйдоди муҳими сарнавиштсози даврони соҳибистиқлолии ватани азизамонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса, бо ҳисси баланди худогоҳиву хештаншиносӣ ва ифтихормандии бузург таҷлил менамоем. Ба муносибати ин рӯзи муборак ҳамаи омӯзгорону кормандон ва донишҷуёнро табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо хушбахтиву осоиш ва ба кишвари азизамон суботу пешравиҳои бузургро орзу менамоям.
Хоҳони онем, ки ҳамеша дар Тоҷикистони азиз волоияти қонунҳо, хандаи кӯдакон, табассуми модарон ва боварии мардум ба ояндаи дурахшон танинандоз бошад.
Бо эҳтирому самимият,
Директори коллеҷи техникӣ
Саидзода Масрур Мирзохон