Санаи 7-уми ноябри соли равон дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкорихои дуҷониба созишнома бо ширкати қаннодии ҶДММ “Фабрикаи Қаннодии «Амирӣ» баста шуд.
Пас аз мулоқотҳои дуҷониба директори коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ д.и.т. Саидзода Масрур Мирзохон ва директори генералии ширкати ҶДММ Фабрикаи Қаннодии «Амирӣ» Ҳамидов Акмал Алиҷонович созишнома дар бораи ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои амалкунандаи самти тайёр намудани мутахассисон ва гузаронидани таҷрибаомузии донишҷӯён ба имзо расониданд.
Созишномаи мазкур барои сайқал додани дониши донишҷуёни коллеҷ бовоситаи таҷриба барои раванди навини дуалӣ саҳми арзандае хоҳад дошт. Таҳсилоти дуалӣ як навъи таълимест, ки дар он қисми назариявии таълим дар заминаи муассисаҳои таълимӣ ва қисми амалӣ дар ҷои кор яъне истеҳсолот сурат мегирад.
Аз ин лиҳоз, хатмкунандагони коллеҷ мутахассисони баландихтисос шуда барои Ватану миллати хеш саҳми арзандае хоханд гузошт.