Имрӯз дар толори шӯрои олимони коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ конференсияи илмӣ – амалии байналмилалӣ, бахшида “Рӯзи энергетикҳо” дар мавзуи “Рушди соҳаи энергетика” баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амиров Ҷалолиддин, доктори илмҳои химия, профессор, академики академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – Ғаниев Изатулло Наврузович, корманди маркази омӯзиш ва татбиқи манбаҳои барқароршавандаи энергия дар назди Институти физикаю математикаи ба номи С.Умарови АМИТ, доктори илмҳои техникӣ – Юлдашев Зарифҷон Шарифович, мудири лабораторияи стрескопӣ – малекуллавии Институти физикаю математикаи ба номи С.Умарови АМИТ, номзади илмҳои техникӣ – Бахтдавлатов Асратбек Давлатбекович иштирок ва баромад намуданд.
Инчунин меҳмонон аз Федератсияи Россия: аспиранти муассисаи таълимии федералии буҷавӣ – давлатӣ “Донишгоҳи давлатии Қазон”- и Федератсияи Россия – Зиятдинов Дамир ва муаллими калони коллеҷи сохтмони шаҳри Дони вилояти Ростови Федератсияи Россия- Сизякина Эльмира Владимировна тариқи онлайни иштирок ва баромад намуданд.
Конференсияро директори коллеҷ муҳтарам Саидзода Масрур Мирзохон оғоз бахшида, иштирокчиёнро ба муносибати “Рӯзи энергетикҳо” шодбош гуфт.
Сипас, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон- Амиров Ҷалолиддин ба сухан баромада, иштирокчиёнро табрику таҳният гуфта, ба кори конференсия барору комёбиҳо таманно намуд.
Дар рафти конференсия иштирокчиён: д.и.х., профессор, академики АМИТ – Ганиев Изатулло Наврузович дар мавзӯи “Теплофизические и термодинамические свойства алюминиевого проводникового сплава E-AIMgSi (алдрей)”, д.и.т., дотсент Юлдашев Зарифҷон дар мавзӯи “Возобновляемые источники энергии – основа устойчивого развития сельскихтерриторий РеспубликиТаджикистан” инчунин, аспиранти муассисаи таълимии федералии буҷавӣ – давлатӣ “Донишгоҳи давлатии Қазон”- и Федератсияи Россия – Зиятдинов Дамир дар мавзӯи “Исследование вязкостных свойств теплоносителей” ба тариқи маҷозӣ (онлайн) баромад намуда, маъруза намуд.
Дар асоси сенарияи баргузории конференсия қисмати пленарии он бо баромади олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҷамъбаст гардида, қисмати дигари он дар бахшҳо аз он ҷумла бахши иқтисодӣ, техникӣ, табиию риёзӣ ва гуманитарӣ и дома ёфт.
Пас аз анҷоми маърӯзаҳо миёни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки маърӯзачиён ба саволҳои пешниҳодгардида посуҳои дақиқ гардонида , руҳияи омузгорон ва донишҷуёнро баланд бардоштанд. Қайд карда шуд, ки хуб мешуд чунин чорабиниҳои илмии сатҳи байналмилалӣ бо иштироки олимони ватанию хориҷӣ дар мавзӯъҳои гуногуни иқтисодию техникӣ пайваста ба роҳ монда шавад.
Кори конференсия дар бахшҳои алоҳида давоми рӯз идома кард.
Дар конференсияи мазкур дар маҷмӯъ 57 мақола бо забони тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод гардида, баъд аз баррасии ҳайати тадорукот ҳамаи онҳо ба маҷмӯаи конференсия ворид гардида, нашр карда шуданд.
Дар конференсия ғайр аз омӯзгорони коллеҷи техникӣ, магистрону докторантон ва аспирантони дигар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ, инчунин зиёда аз 10 мақола аз муҳаққиқони донишкадаву донишгоҳҳои олии Федератсияи Руссия пешниҳод намуданд.
Сипас, дар фарҷоми чорабинӣ дар толори фарҳнгии коллеҷ бахшида ба Рӯзи энергетикҳо барномаи фарҳангию фароғатии бахши фарҳанги коллеҷи техникӣ табъи ҳозиринро болида намуд.
Бахши матбуот