Санаи 24.02.2024 тибқи нақша – чорабиниҳои раёсати ташкилӣ – тарбиявӣ дар факултети муҳандисию иқтисодии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ озмуни “Ҳунар омӯз к – аз ҳунармандӣ” дар байни донишҷӯдухтарони факултет баргузор гардид.

Ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани ин озмун рушду нумуъ додани ҳунару ҳунармандӣ ва дарёфти чеҳраҳои ҳунарманд мебошад.

Дар чорабинӣ донишҷӯйдухтарони факултет маҳсули заҳмати худро дар самти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузоштанд. Дар чорабинии мазкур кормандони раёсати ташкилӣ – тарбиявии муассиса иштирок намуда, аҳамияти таҷдиди ҳунарҳои мардумиро дар пойдориву бақои миллату давлат баён доштанд.

Қайд намудан зарур аст, ки озмуни мазкур дар дигар факултетҳои коллеҷ тибқи нақша то охири моҳи феврал баргузор мегардад.