Санаи 18.03.2024 дар толори маҷлисгоҳи факултети энергетика ва нақлиёти коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ конференсияи илмӣ – амалии байналмилалӣ бахшида ба эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” дар мавзуи “Аҳамияти омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди техникаи тиббӣ” баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур меҳмонон: Давлатшоева Рухшона – мутахассиси пешбари Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зверева Эльвира Рафиковна – доктори илмҳои техникӣ, профессори кафедраи экологияи муҳандисӣ ва бехатарии меҳнати Донишгоҳи давлатии энергетикии Қазони Федератсияи Россия, Ғаниев Изатулло Наврузович – доктори илмҳои химия, профессор, академики академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Томас Больман – эксперти байналмилалӣ оид ба низоми дуалии таълим аз Олмон иштирок ва баромад намуданд.
Конференсияро директори коллеҷ муҳтарам Саидзода Масрур Мирзохон оғоз бахшида, иштирокчиёнро шодбош намуда, ба кори конференсия барору комёбиҳо таманно намуд.
Дар рафти конференсия иштирокчиён: д.и.х., профессор, академики АМИТ – Ганиев Изатулло Наврузович дар мавзӯи “Физико – химические свойство алюминиевого проводникового сплава e-almgsi («алдрей»), легированного кальцием, кадмием и сурьмой”, баромад намуд. Сипас, Томас Больман – эксперти байналмилалӣ оид ба низоми дуалии таълим аз Олмон дар мавзӯи “Как стимулировать интерес молодежи к науке, медицине и технике” тариқи маҷозӣ (онлайн) баромад намуда, маъруза намуд.
Дар асоси сенарияи баргузории конференсия қисмати пленарии он бо баромади олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олмон ва Федератсияи Россия ҷамъбаст гардида, қисмати дигари он дар бахшҳо аз он ҷумла бахши иқтисодӣ, техникӣ, табиию риёзӣ ва гуманитарӣ и дома ёфт.
Пас аз анҷоми маърӯзаҳо миёни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки маърӯзачиён ба саволҳои пешниҳодгардида посуҳои дақиқ гардонида, руҳияи иштирокчиёнро баланд бардоштанд. Кори конференсия дар бахшҳои алоҳида давоми рӯз идома кард.
Дар конференсияи мазкур дар маҷмӯъ 57 мақола бо забони тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод гардида, баъд аз баррасии ҳайати тадорукот ҳамаи онҳо ба маҷмӯаи конференсия ворид гардида, нашр карда шуданд.
Дар конференсия ғайр аз омӯзгорони коллеҷи техникӣ, магистрону докторантон ва аспирантони дигар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ, инчунин зиёда аз 15 мақола аз муҳаққиқони донишкадаву донишгоҳҳои олии Федератсияи Россия пешниҳод намуданд.
Бахши матбуот