Ҳамасола 23 феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз яке аз санаҳои муҳими таърихӣ ва рамзи ифтихори миллӣ ба шумор меравад. Қувваҳои мусаллаҳ ҳамчун ниҳоди муҳими давлатдорӣ, кафили амнияти миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбанд. Ҷашни мазкур на танҳо барои низомиён, балки барои тамоми шаҳрвандони кишвар муҳим мебошад, зеро он ҳифзи марзу буми Ватан ва оромии ҷомеаро таҷассум мекунад.

Таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар душвортарин рӯзҳо, дар давраи авҷи шиддати ҷанги шаҳрвандӣ сурат гирифта буд.

23 феврали соли 1993дар майдони марказии шаҳри Душанбе авалин гашти низомии артиши миллии Тоҷикистон баргузор гардид ва ин рӯз дар таърихи кишвар Рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб мешавад.

Артиши ҳар давлат нишони иқтидори ҳамон давлат аст. Мақсад аз таъсиси артиш дар ҳама давру замон ҳимояи давлат, марзу буми ватан будааст.

Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳ дорои сохторҳои гуногун мебошад, аз ҷумла Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қӯшунҳои мудофиаи зидиҳавоӣ, Қувваҳои ҳарбию ҳавоӣ, ки навъҳои Қувваҳои Мусалаҳро ташкил мекунанд.

Аҳамияти ҷашн ва нақши Қувваҳои мусаллаҳ. Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ имконият медиҳад, ки ҷомеа ба хизматҳои низомиён эҳтиром гузорад ва қаҳрамониҳои онҳоро қадр намояд. Ҳар сол дар ин рӯз дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногуни идона, машқҳои ҳарбӣ ва намоишҳои қувваҳои низомӣ баргузор мегарданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба низомиён паёми табрикӣ ироа намуда, ба хизматчиёни беҳтарин мукофотҳои давлатӣ тақдим мекунад.

Мардуми сулҳпарвари тоҷик дар симои Кувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони содиқи Ватанро мебинад ва дилпурона дар роҳи бунёдкориву созандагӣ бо азму талош кору зиндагӣ мекунад. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад”.

Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди Артиши миллӣ ба таври ҳаққонӣ амалан сурат гирифт. Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарор дар бораи фаврӣ ва бо мақсади ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ ва таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қабул гардид, ки роҳбарии он ба дӯши Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон вогузошта шуд.

Хизмати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Қувваҳои мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ дар он аст, ки дар марҳилае, ки қӯвваҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ ва гурӯҳхои муташаккили ҷиноӣ аз рӯи шумораи умумӣ аз нерӯҳои низомии давлатӣ бартарӣ доштанд, тавонист, ки стратегияи мушаххаси мубориза ва ҳам созмон додани Артиши миллиро муайян намуда, онро ба амал бароварад. Президени кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллиро ҳамчун кафили асосии бақои истиқлолият тавсиф намуда қайд намуд, ки Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки дар он давра аллакай ба меросии худ аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, ва дигар заминаҳои моддиву техникиро соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсӣ ва пойгоҳи аввалия ташкил карда шуд, ба мо лозим омад, ки корро дар ҷои холӣ оғоз намоем. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилот мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки артиши миллии тоҷик ба вуҷуд омад. Он ба дараҷаи кофӣ қудрат дорад, ки мамлакатро аз таҳдидҳои дохиливу хориҷи ҳифз намояд.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, тамоми хизматчиёни ҷузъу томҳои ҳарбиро ба ифтихори истиқболи ҷашни 32-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрику таҳният намуда, зиндагии шоиста, хизмати сидқан бовафоро ба халқу миллати тоҷику тоҷикистониён орзу менамоям.

 Саидзода Масрур Мирзохон, Директори муассиса