Факултети Энергетика ва техникаи тиббии Коллеҷи техникӣ аз рӯзи таъсисёбии коллеҷ фаъолият менамояд, ки аз рӯи сифат ва иқтидори худ барои тайёр намудани мутахассисони замонавӣ барои фаъолият намудан дар хоҷагии халқи Ҷ Т зарур буда ва дар ин самт ба комёбиҳои назаррас соҳиб гардидааст. Факултет аз соли 2013 ба системаи кредитии таҳсилот гузаштааст. Ин система барои беҳтару ҷиддитар омӯзонидан ва баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён имконият медиҳад. Хатмкунандагони факултет дорои имконияти гузоштани саҳми худ дар истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад.
Айни ҳол дар факултет 2 кафедра фаъолият дорад:
– Кафедраи Электроэнергетика
– Кафедраи Физика ва телекоммуникатсия
Ҳайати профессорию – омӯзгории факултет аз мутахассисони дохилӣ ва беруна иборат аст. Факултет дорои имкониятҳои хуби таълимӣ, воситаҳои айёнию- методиро дорад. Дар факултет 50 – нафар омӯзгори собиқадор ва соҳибунвон фаъолият доранд, аз он ҷумла:
– Номзади илм, дотсент 7- нафар;
– Омӯзгори калон 15- нафар ;
– Ассистент 28-нафар.
Абдураҳимов Хуршед Икромович
Декани факултети факултети энергетика ва техникаи тиббии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ
Тел: (+992) 918272766
Электронная почта: Khurshed527762@mail.ru
Кафедраи электроэнергетика фаъолияти таълимӣ –методии худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти коллеҷ ба роҳ монда, таълим ва тарбияи мутахассисони ояндаро дар соҳаи энергетика тибқи стандартҳои давлатии тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва нақшаҳои таълимии тасдиқшуда амалӣ намуда истодааст.
Заминаи моддию техникии кафедра нисбати солҳои қаблӣ хело беҳтар гардидааст, чунки дар солҳои охир кафедра соҳиби як қатор таҷҳизотҳои электрикии замонавӣ, доскаҳои электронӣ ва видеопроектор гардид.
Намунаи таҷҳизотҳо ва воситаҳои техникии дар кафедра мавҷудбуда
Маълумотнома оид ба омӯзгорони кафедраи электроэнергетика
Ҳайати профессорӣ-омӯзгории кафедраи электроэнергетика барои тайёр намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ диққат дода, баҳри беҳтар намудани таълиму касбомӯзии мутахассисони оянда корҳои зиёдеро дар соли хониши 2019-2020 ба анҷом расониданд. Дар соли хониши 2020-2021 теъдоди омӯзгорон ба 26 нафар расид, ки аз ин шумора 16-нафарашон кормандони асосӣ ва 10-нафарашон ҳамкори дохилӣ ва беруна мебошанд. Айни ҳол дар кафедра 3-дотсент, 4-омӯзгори калон ва боқимонда 17- нафар ассистент фаъолият доранд.
Расмҳои коллективии омӯзгорони кафедраи электроэнергетика.
Дар расм: мудири кафедра, н.и.т. дотсент Сафаров А.Ғ., аз чап дар қатори якум дотсент Сафаров Қ.А., муаллими калон Холов С., ҳуҷҷатнигор Қурбонова Г.Б., аз рост ассистентон Хайруллои Н.С., Яров М.Т., Муборакқадамов Ш.М., муаллими калон Нуров Н.Р.
Маълумотнома оид ба ихтисосҳои кафедра
Кафедраи электроэнергетика аз рӯи чунин ихтисосҳо мутахассис тайёр менамояд:
2-430103 01-«Таъминоти корхонаҳои саноатӣ бо барқ»;
2-43010303-«Таъминоти истеъмолкунандагони манзилию маишӣ бо барқ»
2-360331-“Васл ва истифодабарии таҷҳизоти барқӣ”
2-430101-“Нерӯгоҳҳои барқӣ”
-2-43010131- Истифодабарии таҷҳизотҳои нерӯгоҳҳо ва нерӯгоҳҳои хурди барқӣ.
Самти фаъолияти ихтисосҳои дар боло зикршуда, ҳамчун техник электрик барои ҳалли масъалаҳои лоиҳакашию- контрукторӣ , истеҳсоли энергияи электрикӣ, равандҳои технологии истеҳсолот, ҳуҷҷатгузории техникӣ ва системаҳои стандартӣ, озмоиш ва тадқиқи сифати энергияи электрикӣ, ворид намудани технологияҳои нав барои беҳтар намудани сифати маҳсулоти истеҳсолшударо дар бар мегиранд.
Чорабиниҳо дар соли таҳсили 2019-2020
Дар кафедраи электроэнергетика ҳамасола нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуда аз рӯи он фаъолият менамояд. Аз ҷумла ҳамасола бахшида ба “Рӯзи энергетикҳо” конференсияи илмӣ – назариявӣ баргузор карда мешавад. Дар соли хониши 2019-2020 бо иштироки олимони варзидаи кишвар 21 декабри соли 2019 конференсия гузаронида шуда маводҳои он рӯи чоп омаданд. Омӯзгорони кафедра дар ин конфренсия 12-мақолаҳои илмии хешро рӯи чоп оварданд.
Кафедра дар фаъолияти амалии худ корҳои таълимию методӣ, илмию татқиқотиро ба роҳ монда барои беҳтар намудани сифати таълим кӯшиш менамояд. Омӯзгорони кафедра дар якҷоягӣ бо олимони шинохтаи кишвар ҳамасола мақолаҳои худро дар конференсияҳо ва маҷаллаҳои бонуфузи дохилию хориҷӣ нашр мекунанд.
Кафедраҳои факултет аз рӯи 7- ихтисос мутахассисонро тайёр менамоянд, ки онҳо ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ мебошанд, аз ҷумла:
– 390101 – Радиотехник;
– 2-430101 -Нерӯгоҳҳои барқӣ;
-2-430103 01 -Таъминоти барқ дар корхонаҳои саноатӣ»;
-2-430103 03 -Таъмини истеъмолкунандагони маишию манзилӣ бо барқ;
-2-43010131- Истифодабарии таҷҳизотҳои нерӯгоҳҳо ва нерӯгоҳҳои хурди барқӣ;
-2-360331- Васл ва истифодабарии таҷҳизотҳои барқӣ;
– 2-450103 -Шабакаи телекоммуникатсионӣ ;
-2-360402 – Электроникаи саноатӣ ;
-2-800151 – Истифодабарии техникии таҷҳизотҳои тиббӣ;