Санаи 23.05.2024 дар толори шӯрои олимони коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонон” бо иштироки Розиқзода Дилошуб – сардори раёсати иҷтимоии ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзгорону кормандон ҳамоиш баргузор гардид.

Ҳамоишро директори коллеҷ муҳтарам Саидзода Масрур Мирзохон оғоз намуда, меҳмонро ба иштирокчиён шинос намуда, иштирокчиёни ҳамоишро ба муносибати “Рӯзи Ҷавонон” табрику таҳният гуфта қайд намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро неруи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳама соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф менамояд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзу пойдории истиқлолияти миллӣ, бунёди давлати муосир ва рушди ояндаи онро ба саҳми бевоситаи ҷавонон вобаста медонад ва бо истифода аз имконоти мавҷуда кўшиш мекунад, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷавонон мунтазам беҳтар гардида, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.

Имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд. Воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррификунандаи давлату кишваранд. Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан нашояд. Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил мекунад. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ рушд мекунад ва солҳои минбаъда ба як давлати мутараққию пешрафтаи ҷаҳон табдил хоҳад ёфт. Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зӯру бозии худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан мешаванд.

Сипас, Розиқзода Дилошуб – сардори раёсати иҷтимоии ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада ҳамаи омӯзгорон ва ҷавононро ба муносибати рӯзи ҷавонони кишвар муборакбод намуда зикр кардаанд ки Кишвари азизи мо Тоҷикистон, давлати ҷавону мустақил мебошад ва дар баробари ҷавон будани кишвар қариб 70 фоизи аҳолиро низ ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳамин аст, ки Ҳукумати кишвар аз солҳои нахустини ба истиқлол расидан ва татбиқ намудани сиёсати давлат доир ба ин қишри муҳимми ҷомеа ва неруи созандаву бунёдкор афзалияти бештар муқаррар намуд. Дар даврони соҳибистиқлолии давлат дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, фароҳам сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муоисири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Баъд аз истиқлолияти давлатӣ ҷавонон чун як неруи пуриқтидори созанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа эътироф гардиданд. Ҳамаи инро ба назар гирифта мебояд, ки ин қишри муҳимми ҷомеа аз файзи истиқлол бештар баҳра гирифта, ба қадри ин ҳама неъмати бебаҳо ба мисли озодӣ ва соҳибистиқлолӣ бирасанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Зеро истиқлол ин бародарию баробарии тамоми узви ҷомеа, сари баланд, зиндагии осоишта, хонаи ободи ҳар як миллати соҳибдавлат ва ватандор буда, ҳамчунин мақоми хоссаеро ба ҷавонони мамлакат додааст.

Дар фарҷоми ҳамоиш як қатор омӯзгорону кормандони коллеҷи техникӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипоснома қадрдонӣ гардиданд.