Санаи 23 – юми феврали соли 2022 дар толори фарҳангии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, чорабинии фарҳангӣ бахшида ба таҷлили 29-умин солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Артиши миллӣ – ифтихори миллат” баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо иштироки маъмурияти муассиса, донишҷӯён ва омӯзгорони коллеҷи техникӣ баргузор гардид.
Муовини директор оид ба тарбия Қиматбӣ Эльназар чорабиниро кушода, иштирокчиёнро хайра мақдам намуда, қайд намуд, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи сартосарӣ дар кишвар 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ таҷлил менамоянд.
Аз фурсати хеле муносиб истифода намуда, тамоми афсарону хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва дар симои онҳо кулли ҳамватанони азизамонро ба ин рӯзи таърихӣ, яъне таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ҷавонони даврони истиқлолият такя мекунад. Артиши Миллӣ кафили сулҳу оромист. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ яке аз давлатҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард.
Сипас, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёне, ки дар корҳои ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ фаъолона иштирок намудаанд бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши ҳозирин гардид.
Бахши матбуот