Санаи 16.02.2024 дар хобгоҳи №2 – и коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ, бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҳомиёни ватан” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур аҳли раёсат, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни коллеҷ иштирок намуданд.

Чорабиниро директори коллеҷ муҳтарам Саидзода Масрур Мирзохон ифтитоҳ ва иштирокчиёнро ба муносибати 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, иброз намуд, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суббот 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ таҷлил менамоянд. Боиси хурсандист, ки бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 дар шароити ниҳоят таҷлил гирифта мешавад.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши фарҳангӣ бо пешниҳоди суруду таронаҳои тараннумгари сулҳу дӯстӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Як қатор омӯзгорону донишҷӯёни фаъол бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаю сипосномаи раёсати коллеҷи техникӣ қадрдонӣ гардиданд.