Санаи 15.11.2022 дар толори фарҳнгии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷони миллат” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур меҳмононон: Хонзода Абдураҳмон-раиси дастгоҳи марказии ҲХДТ, Камол Насрулло-шоири халқии Тоҷикистон, Рудобаи Мукаррам-раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, корманди шоистаи Тоҷикистон иштирок намуданд.
Чорабинии мазкурро директори коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ муҳтарам Холматов Рустам Буранович ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба боргоҳи илму маърифат хуш омадед гуфта, дар ҷашнҳои дар пешистода комёбиҳои беназирро таманно намуд.
Дар фарҷоми чорабинии илмӣ-фарҳангӣ як қатор кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъол бо нишони “Аълочии маориф”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо сипосномаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.