Имрӯз дар толори фарҳнгии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон – Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи техникӣ ва директори КВД “Маркази ташаккули шахсият ва рушди сиёсии ҷавонон” – и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Нуров Маҳмадназар Амиралиевич иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини директор оид ба таълими коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ муҳтарам Асроров Зокирҷон Мукарамович ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба боргоҳи илму маърифат хуш омадед намуда, ҳамагонро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, иброз дошт, ки бо як ҷаҳон ихлосу самимият ва эҳтироми бепоён аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан муборакбод намуда, ба ҳамаи иштирокдорони конференсия комёбиҳои беназирро таманно намуд. Дар суханронии худ муҳтарам Асроров З.М. аҳамияти парчамро ҳамчун рамзи соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва ифодаи ҳисси садоқат ба ватан қайд намуд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти парчами ваҳдат ва ҳамбастагӣ дар Партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои глобалии он дар арсаи байналмилалӣ мавқеи сазовор гирифт.
Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст. Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири озодии сарзамини аҷдодӣ раҳнамо месозад.
Сипас, директори КВД “Маркази ташаккули шахсият ва рушди сиёсии ҷавонон”-и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Нуров Маҳмадназар Амиралиевич бо сухан баромада иштирокичиёни чорабиниро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, қайд намуд, ки Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар саросари мамлакат 24 – уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани ин санаи таърихӣ нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ гардида, ба таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва тавсеаи маърифати сиёсии шаҳрвандон таъсири мусбат гузошта, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва андешаи давлатмеҳвариро дар ниҳоди мардум тақвият мебахшад.
Дар доираи таҷлили Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи ҳунарии аз ҷониби бахши фарҳангии коллеҷ таҳияшуда, ки фарогири шеъру суруд ва рақсу оҳангҳои ҷолиб буд, пешкаши аҳли нишаст гардонда шуд.
Дар фарҷоми чорабинии илмӣ – фарҳангӣ раёсати коллеҷи техникӣ ва эдвайзери тарбияи факултети нақлиёт ва технологияи коллеҷи техникӣ – Эмомова Сабоҳат бо сипосномаи КВД “Маркази ташаккули шахсият ва рушди сиёсии ҷавонон”-и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипоснома қадрдони карда шуданд.