Санаи 04.04.2024 дар толори фарҳангии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Иқтисодиёти рақамӣ, тамоюлҳо ва дурнамои рушд дар Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур меҳмононон: Рустамҷони Сайдуллои Қудратулло – сардори раёсати таҳлилии масъалаҳои макроиқтисодии маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайисмонова Камила Раҳматшоевна – сармутахассиси департаменти низоми пардохти Бонки милли Тоҷикистон, Файзализода Муҳаммадрабӣ омӯзгори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДМ ва ИТ иштирок намуданд.
Конференсияро муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар оғоз бахшида, иштирокчиёнро шодбош намуда, қайд намуд, ки
Раёсати коллеҷи техникӣ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир ва дар бозори меҳнат ҷавобгӯ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, пайваста кӯшиш намуда истодааст.
Иқтисоди рақамӣ натиҷаи рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ буда, бо тағйир додани равандҳои тиҷоратӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ густариши инноватсияро фароҳам овардааст.
Иқтисоди рақамӣ ин рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ тавассути истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ буда, барои баланд бардоштани маҳсулнокии истеҳсолот, фурӯшу дастрас намудани молу хизматрасониҳо ва беҳтар кардани сифати кору фаъолият мусоидат менамояд.
Ҷиҳати фароҳам овардани рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ тақозои замон буда, яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Зеро рақамикунонии иқтисодиёт имкон медиҳад, ки модели муосири рушди иқтисодӣ таҳияву татбиқ ва сармояи байналмилалӣ ҷалб карда шавад, истеҳсолоти мавҷуда тағйир ва истеҳсолоти инноватсионӣ ба вуҷуд ояд. Ҳамзамон, ба ин васила, бозори дохилӣ таъмин ва содирот афзоиш меёбад.
Сипас, тибқи сенарияи конференсия маърӯзачиён: Рустамҷони Сайдуллои Қудратулло – сардори раёсати таҳлилии масъалаҳои макроиқтисодии маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар шароити гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ”, Сайисмонова Камила Раҳматшоевна – сармутахассиси департаменти низоми пардохти Бонки милли Тоҷикистон дар мавзӯи “Рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар заминаи технологияҳои муосир”, Файзализода Маҳмадрабӣ омӯзгори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДМ ва ИТ дар мавзӯи “Рушди ҳисоби муҳосибӣ дар иқтисодиёти рақамӣ” баромад намуданд.
Зимни баромад, маърӯзачиён қайд намуданд, ки
дар замони муосир рушди устувори тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бидуни рақамикунонӣ ғайриимкон аст. Вобаста ба ин, омӯзиши раванди рақамикунонӣ, ки ба ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ ва имкониятҳои он барои ноил шудан ба ҳадафҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла дар бозори меҳнат таъсир мерасонад, дар ҷои аввал меистад. Ҳангоми асосноккунии интихоби стратегӣ дар сиёсати иқтисодӣ бояд ба назар гирифт, ки рақамикунонӣ ба авлавияти асосии рушди истеҳсолот ва қувваи пешбарандаи рушди устувор табдил меёбад. Рушди иқтисодиёти рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳо ва зинаҳои истеҳсолот имконият медиҳад, ки фоидаи калони иктисодӣ, аз ҷумла афзоиши ҳосилнокии меҳнат ҳам дар бахшҳои давлатӣ ва ҳам дар бахшҳои хусусӣ ба даст оянд. Табодулоти рақамикунонии иқтисодиёт, ки бо истифодаи технологияҳои навтарин асос ёфтааст, на танҳо таъсиси ҷойҳои нави корӣ, балки ноил шудан ба сатҳи баланди муносибатҳои субъектҳои хоҷагидорро тавассути ташаккули меъёрҳои нави рафтори иҷтимоӣ таъмин менамояд.
Ҳамин тариқ, раванди иқтисоди рақамӣ ҷомеаи анъанавиро оҳисата оҳиста аз байн бурда, рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоиро таъмин намуда, намудҳои нави касбҳоро дар бозори меҳнат ба вуҷуд оварда, нобаробариҳои иҷтимоиро аз байн мебарад. Инчунин, таҳлили муфассали миқдорӣ ва сифатии нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, муайян кардани манбаъҳои нави маблағгузорӣ ва ғайра мегардад.
Дар охири конференсия байни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки
маърӯзачиён ба саволҳои пешниҳодгардида посуҳои дақиқ гардонида, ба иштирокчиёни чорабинӣ таасуроти нек боқӣ монданд.