Санаи 17.10.2024 дар толори шӯрои олимони коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва
маориф” дар мавзӯи «Энергетикаи сабз, вазъ ва дурнамои рушд дар Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур меҳмонон: Гортышов Юрий Фёдорович – доктори илмҳои техникӣ, профессор, мушовири ректори Донишгоҳи миллӣ-тадқиқотии техникии Қазони Федератсияи Россия, Мусаев Дониёр Хабибуллаевич – директори техникуми автомобилӣ-роҳсозии Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Миршаходжаев Сабит – мутахасси пешбари техникуми мазкур, Хайруллоева Мадина Тахировна – директори генералии ширкати “МАВСИМ и К” инчунин намояндагони Донишгоҳи давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Сароғоз муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар ҳозиринро шодбош гуфта, меҳмононро ба аҳли толор муаррифӣ намуда, сухани ифтитоҳиро ҷиҳати оғоз бахшидан ба кори конференсия ба директори коллеҷ муҳтарам Саидзода Масрур Мирзохон вогузор намуд.
Зимни баромади хеш директори коллеҷи техникӣ, доктори илмҳои техникӣ, и.в. профессор Саидзода Масрур Мирзохон меҳмононро хайрамақдам гуфта ба кори конференсия барору комёбиҳо таманно намуда қайд намуд, ки
энергетикаи сабз яке аз самтҳои муҳим ва пешрафткунандаи саноати энергетикӣ дар ҷаҳони муосир мебошад. Бо афзоиши ифлосшавии муҳити зист ва гармшавии глобалӣ, ниёзи инсон ба сарчашмаҳои тоза ва барқароршавандаи энерги бамаротиб афзудааст. Энергетикаи сабз на танҳо ба ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат мекунад, балки ба паст кардани партовҳои зараровар ба атмосфера низ кумак мерасонад.
Энергетикаи сабз роҳи ҳалли муҳим барои ҳифзи муҳити зист ва таъмини ояндаи устувори инсоният мебошад. Сарфакорӣ дар истифодаи захираҳои табиӣ ва рушди манбаъҳои тоза ва барқароршавандаи энергия метавонанд ба коҳиши ифлосшавии ҳаво ва таъсири гармшавии глобалӣ мусоидат кунанд. Интихоби энергияи сабз на танҳо як роҳ барои кам кардани таъсири инсон ба табиат аст, балки имкониятест барои рушди дарозмуддати устувор.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои табиии ғанӣ, бахусус об, барои рушди энергетикаи сабз имкониятҳои зиёд дорад. Бо дарназардошти ҷуғрофия ва иқлими кишвар, сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия, ба монанди нерӯи об, энергияи офтобӣ ва шамол, метавонанд нақши калидӣ дар таъмини ояндаи энергетикии Тоҷикистон бозанд.
Дар бахши пленарии конференсия Гортышов Юрий Фёдорович – доктори илмҳои техникӣ, профессор, мушовири ректори Донишгоҳи миллӣ-тадқиқотии техникии Қазони Федератсияи Россия дар мавзӯи “Цифровой двойник газопоршневой энергетической установки – опыт и перспективы”, Мусаев Дониёр Хабибуллаевич – директори техникуми автомобилӣ-роҳсозии Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзӯи “Перспективы развития Возобновляемой энергетики в Узбекистане”, Миршаходжаев Сабит – мутахасси пешбари техникуми автомобилӣ- роҳсозии Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзӯи “Перспективы развития энергетики в Узбекистане и применение её в автомобильном отрасле”, Хайруллоева Мадина Тахировна – директори генералии ширкати “МАВСИМ-М” дар мавзӯи “Устойчивое развитие через дуальное образование и зелёную логистику: Опыт компании “Мавсим и К” в реализации энергоэффективных и экологически устойчивых проектов” маърӯза намуданд.
Тибқи сенарияи баргузории конференсия, қисмати пленарии он бо баромади олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷамъбаст гардида, қисмати дигари он дар бахшҳо аз он ҷумла бахши техникӣ иқтисодӣ ва табиию риёзӣ ва гуманитарӣ ва идома ёфт.
Пас аз анҷоми маърӯзаҳо миёни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки маърӯзачиён ба саволҳои пешниҳодгардида посуҳои дақиқ гирифтнд. Қайд гардид, ки чунин чорабиниҳои илмии сатҳи байналмилалӣ бо иштироки олимони ватанию хориҷӣ дар мавзӯъҳои гуногуни иқтисодию техникӣ пайваста ба роҳ монда шавад.
Кори конференсия дар бахшҳои алоҳида давоми рӯз идома кард.
Дар конференсияи мазкур дар маҷмӯъ 64 мақола бо забони тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод гардида, баъд аз баррасии ҳайати тадорукот ҳамаи онҳо ба маҷмӯаи конференсия ворид гардида, нашр карда шуданд.
Дар конференсия ғайр аз омӯзгорони коллеҷи техникӣ, магистрону докторантон ва аспирантони дигар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ, инчунин зиёда аз 10 мақола аз муҳаққиқони донишкадаву донишгоҳҳои олии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод намуданд.
Сипас, дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби профессор Гортышов Юрий Фёдорович ба коллеҷи техникӣ якчанд китобҳои тозанашр оид ба самти энерегитка тақдим гардид.