Санаи 04.10.2024 дар толори маҷлисгоҳи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ конференсияи илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар мавзӯи
“Нақши забон дар рушди давлатдории миллӣ” баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур Равшани Ҳамроҳ – номзади илмҳои филологӣ, дорандаи ҷоизаи ба номи Лоиқ Шералӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Ҳамза Боқизода – номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, ҳамзамон омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи техникӣ иштирок намуданд.
Конференсияро муовини директор оид ба илм ва инноватсия н.и.т. дотсент Азимов Холиқназар ифтитоҳ, иштирокчиёнро табрику муборакбод ва меҳмонони ташрифовардаро ба аҳли толор муаррифӣ намуд.
Зимни баромади хеш Азимов Х.Ҳ. қайд намуд, ки забони тоҷикӣ забони бою пурғановат буда, таърихи қадима дорад. На ҳама миллат чунин шоирону нависандагони бузург, ба монанди Ҳофизу Саъдӣ, Ҷомию Рӯдакӣ ва Айнию Турсунзода доштаанд, ки тавонистаанд тули таърих забону миллати хешро байни ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
Чи тавре, ки Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон қайд намудаанд «Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қиммату манзалати забони миллати ғайрро низ эътироф наметавонад кард». Аз ин рӯ ҷавононро мебояд ҷаҳд намуд, ки забони миллати хешро ба пуррагӣ аз худ намуда, дар баробари ин на камтар аз се забони хориҷиро азхуд намоянд. Чунки дар замони ҷаҳонишавӣ, ки сабабгори густариши равобит ва муносибатҳои наздики халқҳо ва кишварҳо гаштааст, надонистани забонҳои хориҷӣ монеи зиёд эъҷод карда метавонад ва баръакс донистани забонҳои гуногун боиси боз ҳам рушду нумуъи кишвар хоҳад гашт. Дар мавриди донистани забони ғайр кас метавонад бе ягон душворӣ бо ин ё он забон гуфтугӯ намояд, ё худ ҳангоми мусофират ба монеаву душвориҳо рӯ ба рӯ нагардад, озодона дар муомила бошад ва худро осудаву бофароғат эҳсос намояд. Зеро шоир гуфтааст:
Забондонӣ ба волоӣ расонад,
Зи гумроҳию нодонӣ раҳонад.
Касе к-у беш омӯзад забоне,
Расидан бар муроди дил тавонад.
Қайд гардид, ки омӯзгорони коллеҷи техникӣ чун ҳамеша воқеан рисолати таърихии худро сарбаландона иҷро намуда, дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат ва худшиносии миллӣ, таълиму тарбияи созандагони ҷомеаи навин нақши босазо гузошта истодаанд.
Сипас, тибқи сенарияи баргузории конференсия Равшани Ҳамроҳ – номзади илмҳои филологӣ, дорандаи ҷоизаи ба номи Лоиқ Шералӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзӯи “Забони миллат-ҳастии миллат”, Ҳамза Боқизода – номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар мавзӯи “Забони давлатӣ як омили рушди миллат” ва Мусинова Зуҳро ассистенти кафедраи забонҳои коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар мавзӯи “Эҳтироми забони модарӣ” маърӯза намуданд.
Дар асоси тартиби баргузории конференсия иштирокчиён ба маърӯзачиён оид ба мавзӯъҳои баромадшуда саволҳо пешниҳод намуда посух гирифтанд.