Санаи 24.10.2024 аз тарафи омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқ бо иштироки сардори раёсати таълим, декани факултети муҳандисию иқтисодӣ ва мудирони кафедраҳои тобеи факултет инчунин донишҷӯёни фаъоли факултет маҳфили илмии “Ганҷи дониш” дар мавзӯи “Китоб омили бунёди ташаккули тафаккури инсон ва тамаддун” баргузор гардид.

Зимни баргузории маҳфил баромадкунандагон қайд намуданд, ки мутолиаи китоб яке аз воситаҳои ғанӣ гардидани ҳофиза мебошад. Маҳз тавассути гирифтани ахбор ва хондани китоб инсон дар бораи воқеа ва рўйдодҳои олам маълумот пайдо карда, доираи ҷаҳонбинии хешро васеъ мегардонад. Дар олам миллатҳое ҳастанд, ки аксари мутлақи афроди онҳо ба китобхонӣ машғул шуда, ин амали шоистаро ба фарзандон аз овони кўдакӣ меомўзонанд. Барои ин қабил миллатҳокитоб ғизои рўҳ, роҳати ҷон ва манбаи илҳом мебошад.