Санаи 23.10.2023 дар факултети муҳандисию иқтисодӣ ва шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ маҷлиси падару модарон баргузор гардид.
Дар ҷаласа раванди иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», нагаравидани ҷавонон ба фарҳанги бегона хусусан ҷавондухтарон, риояи ҳатмии либосҳои тавсиявӣ, бо тайёрии ҷиддӣ омадани хонандагону донишҷӯён ба дарсҳо, риояи қатъии тартиботи дохилии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Санаи 25.10.2023 дар факултети нақлиёт ва технологияи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ ҷаласаи васеи падару модарони донишҷӯён тибқи нақша чорабинии Раёсати ташкили табрияи муассиса гузаронида шуд.
Ногуфта намонад, ки аз ҳама гурӯҳҳои академии факултет, аз курси 1-ум то курси 4-ум, волидайни донишҷӯён дар ин ҷаласа ҳузур доштанд.
Инчунин, дар ҷаласа тибқи нақшаи маҷлиси падару модарони факултети нақлиёт ва технология раиси Шӯрои падару модарони факултет ва муовини он дар факултети мазкур интихоб гардид. Умед аст, дар оянда равобити муштараки раиси Шӯрои падару модарони факултет бо волидайни донишҷӯён сифати таълиму тарбияро дар факултети номбурда бештару беҳтар биафзояд.
Санаи28.10.2023 дар факултети технологияи иттилоотӣ, сохтмон ва роҳсозии коллеҷи техникии дтт ба номи академик м осимӣ мувофиқи нақша чорабиниҳои раёсати тарбия ва садорати факултетҳо вохӯрӣ бо волидайни донишҷӯён гузаронида шуд.
Сараввал раиси Шӯрои занони коллеҷ Азизмамадова З., волидайнро барои ташриф оварданашон ба боргоҳи илму маърифат хайрамақдам ва изҳори сипос намуданд. Қайд гардид, ки садорати факултет пайваста кушиш менамояд бо волидайни донишҷӯёни факултет чунин вохуриҳоро ба роҳ монда, мудом аз рафтору кирдори донишҷӯён волидайни онҳо низ огоҳ бошанд.
Сипас мудири бахши фарҳанги коллеҷ Нуриносои Акрам ва декани факултетҳо дар баромадҳои худ иброз намуд, ки мақсади баргузории чунин вохуриҳо барои боз ҳам боло бурдани сатҳи маърифатнокии фарзанд, таъмини иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва фарҳангии факултет ва коллеҷ, тарбияи дурусти фарзандон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатӣ кори муфиду самаранок мебошад.
Дар вохӯрӣ қайд карда шуд, ки пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҳизбу созмонҳои террористиву экстремистӣ, тақлид ба маданият ва тарзи либоспӯшии ба фарҳанги мо бегона истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимои интернети ва мақсаднок истифода бурдани телефонҳои мобилӣ аз назар дур нест.
Дар охир чанд нафар аз волидайни донишҷӯён ба сухан баромада иброз намуданд, ки чунин вохуриҳо саривақтӣ буда, робитаи волидайн бо муассисаи таълимиро боз ҳам зичтар месозад.