Санаи 21.02.2024 бо ташаббуси Раёсати коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бахшида ба 31- умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди варзишӣ аз рӯйи номинатсияи шоҳмот байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкур тибқи низомномаи тасдиқшуда аз тарафи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидои ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Чорабиниро директори коллеҷи техникӣ, доктори илмҳои техникӣ муҳтарам Саидзода Масрур Мирзохон оғоз намуда, иштирокчиёни мусобиқаро бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, ба ҳамагон барору комёбиҳо таманно намуда, қайд намуд, ки

таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон дастоварди истиқлолият буда, тӯли ин солҳо ба мактаби ҷасорату мардонагӣ табдил ёфта, садҳо ҷавонони бонангу номуси Ватан, матиниродаву ҷасурро тарбия намудааст. Ин дастоварди беназир тавассути сиёсати пайвастаи хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омада, бори дигар аз тавоноӣ ва қудрати азалии мардуми тоҷик дарак медиҳад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили амният, сулҳу суботи Ватани азизамон ва пойдории истиқлолияти Ватани маҳбубамон ба ҳисоб рафта, бигузор Артиши миллӣ дар иҷрои рисолати худ, яъне ҳифзи Модар-Ватан ва дифои манфиатҳои давлату миллат ҳамеша омода ва зафарёб бошад.

Аз ин хотир Раёсати коллеҷи техникӣ тасмим гирифтааст, ки бахшида ба 31- умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати баланд бардоштани руҳияи ҷавонон мусобиқаи варзиширо аз рӯйи номинатсияи шоҳмот байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳри Душанбе баргузор намояд.

Дар мусобиқаи мазкур дастаи бозингарон аз коллеҷҳои шаҳри Душанбе аз ҷумла: дастаҳои коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе, коллеҷи Кӯҳии ба номи С. Юсуповаи назди ДКМТ, коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Мусобиқа тибқи тартиби муайян оғозгардида, пас аз қуръапартоӣ бо иштироки намояндагони дастаҳо гузаронида шуд ва ғолибони мусобиқа дар вақти баргузории мусобиқа муайян гардиданд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки зимни мушоҳидаи доварон аз рафти мусобиқа ва таҳлилу баррасии натиҷаҳои ниҳоӣ, сазовори ҷойи 1-ум дастаи шоҳмотбозони коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе, ҷойи 2-юм коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ва дастаи шоҳмотбозони коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

сазовори ҷойи 3-юм гардид.

Дар ҷамъбасти мусобиқаи кушоди варзишӣ аз рӯйи номинатсияи шоҳмот бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳри Душанбе ба дастаҳои ғолибон, варзишгарони беҳтарин, намояндагони фаъоли дастаҳо ва инчунин ба устодони собиқадор аз тарафи Раёсати коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ туҳфаҳои хотиравӣ, маблағи пулӣ, ҷому медал ва ифтихорнома тақдим гардид.