Рӯзҳои 9-10-уми октябряи соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон байни дастаҳои факултетҳои коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, мусобиқаи волейбол ва шоҳмот баргузор гардид.
Аз рӯйи мусобиқаи волейбол, дастаи волейболбозони факултети муҳандисию иқтисодӣ сазовори ҷойи 1-ум, факултети энергетика ва нақлиёт сазовори ҷойи 2-юм, факултети сохтмон ва технологияи иттилоотӣ сазовори ҷойи 3-юм гардиданд.
Аз рӯйи мусобиқаи шоҳмот бошад, дастаи шоҳмотбозони факултети сохтмон ва технологияи иттилоотӣ сазовори ҷойи 1-ум, факултети энергетика ва нақлиёт сазовори ҷойи 2-юм, факултети муҳандисию иқтисодӣ сазовори ҷойи 3-юм гардид.