САИДЗОДА МАСРУР МИРЗОХОН

САИДЗОДА МАСРУР МИРЗОХОН

Доктори илмҳои техникӣ, и.в. профессор, директори коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ

      Саидзода Масрур Мирзохон 16-феврали 1988 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Таҳсилро дар мактаби миёна аз соли 1995 оғоз намуда, онро соли 2006 ба итмом расонидааст.  

      Соли 2007 ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дохил шуда, соли 2012 онро бо ихтисоси 1001 – Неругоҳҳои электрикӣ  хатм намудааст.

Солҳои 2012-2014  ба ҳайси муҳандиси  кафедраи асосҳои назарияи радиотехника ва электротехникаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ фаъолияти меҳнатиашро оғоз карда, 23-юми сентябри соли 2014 ба Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун аспирант дохил шуда, соли 2017 онро бомуваффақият хатм намуда, солҳои 2014 -2016  ба ҳайси ассистенти кафедраи информатика ва технологияи иттилоотии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода кор кардааст.

Соли 2017 рисолаи номзадишро дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия бомуваффақият ҳимоя намудааст.

 Солҳои 2016 -2018 муовини директор оид ба илм ва инноватсия, солҳои 2018 – 2019 декани факултети энергетика, солҳои 2019 – 2020 сардори раёсати таълим,  солҳои 2019 – 2022 дотсенти кафедраи физика ва телекоммуникатсия,  солҳои 2022 – 2023 доктори илмҳои техникӣ, и.в. профессори кафедраи физика ва телекоммуникатсия ва  аз 03.07.2023 инҷониб директори коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Точикистон ба номи академик М.Осимӣ мебошад.

Соли 2022 дар мавзӯи «Таъсири нанонайчаи карбонӣ ва нанохокаи кристалӣ бо тағйирёбии хосиятҳои гармофизикӣ ва термодинамикӣ ва тагшиншинии онҳо» рисолаи докториашро дар назди Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ – техникии Казони Федератсияи Россия ҳимоя намудааст.

      Саидзода М.М. дар давоми фаъолияти меҳнативу илмиаш зиёда аз 95 мақолаи илмӣ, 7-дастури таълимию методӣ, 3-патент ва 5-монографияро ба нашр расонидааст.

      Зери роҳбарии Саидзода М.М як нафар рисолаи номзадии худро ҳимоя намудааст. Айни ҳол роҳбари  4 нафар унвонҷӯ мебошад.

      Оиладор, соҳиби се фарзанд.