22 майи соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Шоҳмансур маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки аз коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ 4 нафар омӯзгорону донишҷӯёни ғолибон бо мукофоти пулӣ, ифтихорнома ва раёсати коллеҷ бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ гардид.

Боиси зикр аст, ки имсол дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ 14 нафар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуда, 2 нафар омӯзгор ва 2 нафар донишҷӯён ба даври минбаъда (шаҳрӣ) роҳ ёфтанд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар соли панҷум аст, доир мегардад.

 

Categories: News