Раёсати коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир ва дар бозори меҳнат ҷавобгӯ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, пайваста кӯшиш намуда истодааст.
Бо ташаббуси роҳбарияти коллеҷи техникӣ ҷиҳати гузаронидани дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзии таълимӣ- шиносоӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯёни шӯъбаи рӯзонаи курсҳои 1, 2, 3 ва 4-уми ихтисосҳои соҳаи энергетикаи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо ФСН «ВАРЗОБ»-и ҶСК «БАРҚИ ТОҶИК» шартномаи дутарафа бастааст.
Бо ин мақсад санаи 08.11.2023 директори коллеҷи техникӣ муҳтарам Саидзода Масрур Мирзохон ва кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети энергетика ва техникаи тиббии коллеҷи техникӣ аз филиали кафедраи электроэнергетика дар ФСН «ВАРЗОБ»-и ҶСК «БАРҚИ ТОҶИК» дидан намуданд.
Донишҷӯёни факултети энергетика ва техникаи тиббӣ тибқи шартномаи дутарафа мунтазам барои гузаронидани дарсҳои сайёр, амалӣ, озмоишӣ ва ҳамагуна таҷрибаомӯзиҳо инчунин гузаронидани дарсҳо дар низоми дуалии таълим ба ФСН «ВАРЗОБ»-и ҶСК «БАРҚИ ТОҶИК» бо шахсони масъул сафарбар карда мешаванд.