Рӯзи 15-уми апрели соли 2024 муаллими калони кафедраи физика ва телекоммуникатсияи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ Раҷабова Дилафрӯз Шоҳзодовна рисолаи номзадии худро дар мавзӯи: “Таъсири нананайчаҳои карбонӣ бо тағйирёбии эфири диэтили моеъ бо назардошти соҳаҳои бӯҳронӣ ва баъдибуҳронӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 01.04.14 – “Физикаи ҳарорат ва техникаи гармо” зери роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, профессор, Сафаров Маҳмадалӣ Маҳмадиевич дар назди ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-041 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бомуваффақият дифоъ намуд.
Ҳайати профессорӣ – омӯзгории коллеҷи техникӣ муҳаққиқро ҷиҳати бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ табрик намуда, дар корҳои илмии минбаъдаашон комёбиҳо таманно менамояд.