Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамасола Паём ва баромдаҳои худ зикр мекунанд. “Аксарияти аҳолии моро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кор фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Мусаллам аст, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдоди, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.Ва дар нуқтаи дигар Президенти кишвар зикр намудаанд, ки “Пешрафти ҳар кадом ҷомеаро инсонҳои дорои ғановати маънавӣ, ахлоқӣ ва зеҳнӣ таъмин менамояд. Иқтидори зеҳнӣ ва маънавию ахлоқӣ яке аз омилҳое мебошад,ки ҷомеаро пайваста пеш мебарад. Мо сиёсати давлатдории худро тавре ба роҳ монданӣ ҳастем, ки равандҳои ислоҳоти иқтисодӣ бо камолоти маънавӣ, покизагии ахлоқӣ ва инкишофи маърифати ҷомеа дар ҳамоҳангӣ ва пайвастагии доимӣ ҷараён дошта бошанд. Афсӯс, ки имрӯз бо баробари пешрафти ҷомеа паҳлӯҳои манфии он низ рушд намуда истодаанд, ки яке аз онҳо ҷаҳонишавӣ ё худ глобализатсия.

Ҷаҳонишавӣ бевосита ба мафкураи ҷавонон таъсир расонида насли ҷавон метавонад ҳар як тағйироте, ки дар ҷаҳон ба вуқуъ мепайвандад нодуруст дарк намояд, ки он оқибат ба косташавии ахлоқ оварда мерасонад.Президенти кишвар дар яке аз баромадҳои худ моҳияти ҷаҳонишавиро чунин баҳогузорӣ намуда буданд, ки “Ҷаҳонишавӣ чун дар ҳама ҷо барои асолат ва ҳуввияти миллӣ, арзишҳои волои ахлоқиву маънавӣ, симо ва сирати миллии мо хатари ҷиддӣ эҷод намуд. Ба ин сабаб, талоши мунтазам ва қотеонаи мо барои ҳифзи онҳо самти афзалиятноки фаъолияти дохилӣ ва хориҷии давлати ҷавони Тоҷикистонро ташкил дод ва силсилаи чораҳои доманадорро тақозо намуд”.Таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа рӯҳу равони воқеӣ пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад. Дар ҳар гуна ҳолат дар замони муосир ниҳодҳое, ҳастанд, ки бояд якҷо бо расонаҳои миллии иттилоотӣ нерӯву иқтидори кофии муқовимат дошта бошанд, то ин ки вуҷуди ҷанбаҳои номатлуби фарҳанги бегонаро пешгирӣ кардан,нагузоранд, ки онҳо дар ҷомеаи мо миёни наврасону ҷавонон паҳн гарданд ва афкори онҳоро заҳролуд намоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат нуқтаҳои муҳимро иброз карданд, ки “Мо мехоҳем бо симои хоси милливу фарҳангии хеш ҷойгоҳи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кунем ва дар он мақоми шоиста дошта бошем. Дар ин самт мо дастовардҳои назаррас дорем ва дастгириву пуштибонӣ ёфтани ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон гувоҳи мавқеи устувори мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

-коҳишёбии ахлоқ, хоса дар байни наврасон ва ҷавонон, бевосита ба сатҳи маълумотнокии волидайн вобаста мебошад;

-бисёр унсурҳои каҷрафторӣ, аз ҷумла сигоркашӣ, майзадагӣ, муносибати дағалро ҷавонон дар оила касб менамоянд. Аз ин рў, волидайн дар назди фарзандон аз чунин рафторҳо худдорӣ намоянд ва дар оила фазои солими ҳамдигарфаҳмиро таъмин намоянд;

-волидайн бояд истифодаи фарзандонашонро аз шабакаҳои иҷтимоии интернет, телефонҳои мобилӣ, моҳвораҳои телевизионӣ назорат намоянд;

-волидайн барои дар ниҳоди фарзандон ташаккул додани меъёрҳои ахлоқи ҳамида кўшиш ба харҷ диҳанд.

Ин нуқта ба мо имконият медиҳад хулоса намоем, ки синну соли наврасӣ ва ҷавонӣ давраи хеле ҳассос буда, ба онҳо бештар хатари коҳишёбии ахлоқ таҳдид менамояд. Аз ин лиҳоз, давраи наврасӣ ва ҷавонӣ яке аз зинаҳои муҳими ташаккули шахсияти инсон мебошад. Ин давраест, ки худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти иҷтимоии шахс ташаккул меёбад. Вале бояд дар назар дошт, ки ин ниёзмандӣ инсонро ҳам сўи ахлоқи ҳамида ва ҳам ахлоқи разила ҳидоят карданаш мумкин аст. Аз нигоҳи мо, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо ахлоқ ба фазои маънавие табдил ёфтааст, ки кучактарин тағйирёбиро дар ҳаёти ҷомеа эҳсос намуда, дар муносибат, рафтору кирдори одамон инъикос меёбад. Аз ин боис, намояндагони баъзе қишрҳои ҷомеа, аз он ҷумла ҷавонон, дар баҳодиҳӣ, интихоб ва муносибатҳои ахлоқӣ дар ҷомеа ба хатогиҳо роҳ медиҳанд ва баъзе аз онҳо сӯи ҳар гуна ҳизбҳову ҳаракатҳои хислати радикализми динӣ ва экстремистӣ дошта майл менамоянд.

Дар шароити ҷаҳонишавии арзишҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ҳар як узви ҷомеа бояд дарк намояд, ки мақсади ниҳоии ҳар муборизаи мафкуравӣ ин ноил шудан ба ҳуввияти миллии хеш ва даст кашидан аз қабули мафкураи дигар мебошад.Эҳтимолияти рушди равандҳои сиёсиро дар ҷомеа таҳлил намуда, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки “сабақи талхи таърихи кишварамон ба ҳар як шахс ҳушдор медиҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст надиҳанд, ватандўсту ватанпарвар бошанд, аз гузаштаи пурғановати ниёгон ифтихор кунанд ва ба ин роҳ ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодиашро эҳтиёт ва ҳифз намоянд”.

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як хонадони шаҳрванди Тоҷикистон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров тақдим гардид, ки тӯҳфаи бебаҳо барои мардуми шарифи Тоҷикистон буда аз он дарак медиҳад, ки мо фарзадонамонро ҳушёр созем, ки маҳз китоб хондан инсонро шахси комил намуда арзиши маънавияшро бой мегардонад. Танҳо омӯзиш таърих сабақи асосии зиндагӣ буда гузаштаро бо имрӯз ва имрӯзаро бо фардо мепайвандад.

Аз ин лиҳоз, Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ рўзи 26 декабри соли 2019 дар масоили муҳими давлатӣ, инчунин, ба раванди таълиму тарбия, китобхон гаштани толибилмон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори ҷиддӣ дода таъкид кардаанд ки, ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд.

Чунки, тибқи таҳлилҳо вақтҳои охир дур шудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо мебошад.

Тарбияи фарзанд муҳимтарин рисолати волидайн ба ҳисоб рафта, аз нахустин рўзҳои тавлиди инсон оѓоз меёбад. Ташаккули шахсияти кўдак дар муҳити хонавода ва хешованони наздик шурӯъ мешавад.

Бояд қайд кард, ки имрӯз шароити муҳиту тарбия куллӣ тағйир ёфтааст. Вазъияти иҷтимоӣ – фарҳангии имрӯза аз ҳар як волидайн тақозо мекунад, ки дар қалби фарзадону наздикони худ меҳри китобу мутолиавии онро пайваста парвариш намояд. Айни замон дар назди ҷомеа вазифаи дар ниҳоди насли ҷавонон бедор кардани шавқу ҳаваси китобхонӣ ва аз ҷавҳари ақлонӣ, илмӣ ва маънавиии китобҳои арзишманд баҳраманд гардондани онҳо қарор дорад. Зеро маҳз дар китобҳо, мутоила ва таҳлили ҷиддии онҳо асрори ривоҷи истеъдодҳо ва ташаккули ахлоқу маънавиёти волои мардуми халқи тоҷик нуҳуфтааст.

Ба ҳамин нуқтаҳо қайд намудан ба маврид аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои насли ҷавони имрӯза барои расидан ба қадри обу хоки ҳамин меҳан, барои расидан ба қадри хуни рехтаи гузаштагони ҳамин миллат ба беҳтарин шоистатарин кор рӯй оварданд, яъне эҷод намудани китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” ё худ “Тоҷикон дар оинаи таърих” худ гувоҳи ҳамин нуқтаҳо мебошанд.

Маҳмадалиев Маҳмадсаид – сардори раёсати ташкилӣ тарбиявии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ

 

Categories: News