Омӯзгорони гиромӣ! Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи омӯзгорон самимона табрик намуда, ба Шумо дар таълиму тарбияи насли наврас дастоварду комёбиҳо таманно менамоям.
Омӯзгор шахсест, ки ӯ ҳамеша дар талоши илмандӯзӣ, ботамкинӣ, хушгуфториву хушрафтории шогирд мебошад. Чеҳраи устод ҳамон вақт кушодаву хандон, умедбахшу созгор мешавад, ки шогирдаш дар талоши илмомӯзӣ бошад. Омӯзгор худ як шахсияти бузург аст, зеро шогирдонашро ба фарқ кардани неку бад ва баҳри амалӣ гардидани мақсади пешгирифтаашон тайёр менамояд.
Омӯзгор ҳамеша кӯшиш мекунад, ки шогирдро ҳамчун як инсони комил ба воя расонад. Аз ин лиҳоз, устод тарбияи сифатҳои ахлоқӣ, мехнатдӯстӣ, инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, некӣ, ростию ростқавлӣ, адлу инсоф, эҳтироми падару модарро ба онҳо талқин менамояд. Дигар сифати ахлоқӣ ин омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар аст, ки омӯзгор шогирдро ба омӯхтани илму ҳунар водор менамояд ва ҳамеша таъкид мекунад, ки қудрату тавоноии инсон маҳз дар дониш аст.
Чуноне, ки М.И. Калинин гуфта аст: «Муаллим муҳандиси қалби инсон аст».
Ҳар кӣ бе устод кард оғози кор,
Кору бори ӯ надорад эътибор.
Домани устод гиру шод шав,
Муддате хизмат куну устод шав!
Дӯстӣ, Ҳидоят, Назм, Илм, Ишқ, Эътимод ва Оромиш дар як шахс пайдо кардан мумкин аст, ки ӯ омӯзгор аст.
Бо камоли эҳтиром, ҳамаи Шумо, омӯзгоронро, бо Иди касбиатон табрику муборакбод мегӯям. Дар роҳи иҷрои вазифаи пурифтихори педагогӣ ва дар майдони муҳорибаи зиндагӣ қадамҳои баҳодурона ва шуурнокии олимона орзу мекунам.
Бигзор, ҳамеша соҳиби иззату обруй ва ҳурмату эҳтироми насли наврас ва ҷавонони
кишвар бошед!