«Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдодии мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад»
Эмомалӣ Раҳмон
Бо шарофати истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳуввияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, инчунин, муроҷиат ба осори пешин ваз инда намудани чеҳраҳои таърихиву фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик ба ҷои аввал баромад.
Сада ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин ойинҳои эҳёшудаи мо буда, дар ҳамаи матоқи кишвар таҷлил карда мешавад. Инчунин яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинаҷод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Метавон ҳаминро қайд кард, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидоштиийини оташпарастӣ ва бузургдошти меҳр истиқбол гирифта мешуд.
Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро ба торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муҷдаи пешакии Наврӯзро мерасонад.
Дар «Авесто» аз маҳалли сукунати минбаъдаи қабилаҳои ориёӣ, аз ҷумла бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиён, саккоиҳо маълумотҳои нодире маҳфузанд, ки бо номи қаламрави зисташон зикр шудаан.
Инчунин Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши шоир Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонида ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла меовард. Санги калонеро бардошта, сӯи мор ҳаво до два он санг ба санги дигаре бархӯрда, шарора афканд. + аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард, ки ин маросим ҷашни Сада номида шуд.
Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад.
Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ накши калидӣ дорад, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Дар доираи ташаккули ҳамин унсурҳои ба ҳам зид гузаштагони мо, аз ҷумла қавмҳои ориёӣ ду фасли сол доштанд, ки ин ҳамон муборизаи Ҳурмузду Аҳриман ва муборизаи равшанӣ бо торикиро ба ёд меорад.
Ҷашни Сада, ки бо номҳои ҷашни оташ, ҷашни зимистон ва садасӯзӣ низ ёд мешавад, ҳазорон сол пеш ба вуҷуд омада, аз куҳантарин идҳои мардуми ориёитабор аст. Ба ҳамин хотир 6-уми декабри соли 2023 дар Касанеи Ҷумҳурии Бостванна дар иҷлосияи 18-уми кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО «Ҷашни Сада» ба феҳристи мероси ғайримодии башарият ворид карда шуд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари фарҳангпарвари мо расман рӯзи 30-юми январ ҳар сол бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Мардум, мазхсусан деҳқонон дар ин айём аз рӯи анъана ба кандани каналу ҷуйбору кӯчаҳо, кишт кардани замин ва пошидани пору ба заминҳо, тайёр намудани тухми кишт, чорабиниҳо меандешиданд.
Ҳамин тариқ, ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, он ҳамчун рамзи бузургдошти Меҳр, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муҷдаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Сада бо гулхани рӯшноиафзои худ сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайваст ва 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум бесаброна шумурда, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омода мегаштанд.
Ҷашни Сада муборак бошад ҳамдиёрони азиз!
Суфиев Қадриддин – ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва идораи Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ