Санаи 10.03.2021 тибқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи илм ва инноватсия бо ташаббуси кафедраи технологияи иттилоотӣ ва барномасозӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Омӯзиш ва татбиқи технологияҳои иттилоотии муосир дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ» бахшида ба «Эълон гардидани солҳои 2020-2040 солҳои рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» баргузор гардид.

Дар кори конференсия меҳмонон, маъмурияти коллеҷ, намояндагони ВАО, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён ҳамагӣ 250 нафар иштирок намудаанд.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсияи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, н.и.т., дотсент Азимов Х. Ҳ. конференсияро кушода, суханро тибқи рӯзномаи конференсия ба Комилиён Файзали Садулло.- д.и.ф-м, профессори Донишгоҳи милли Тоҷикистон дода шуд. Муҳтарам Комилиён Ф.С. дар мавзӯи «Мушкилоти раванди иттилоотонӣ дар низоми таҳсилоти ибтидоӣ» маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.

Профессор Комилиён Ф. С. зимни баромадаш қайд кард, ки насли муосири ҷавонону наврасон маҳз дар муҳити навгониҳои рӯзафзуни техникаи электронӣ – компютер, планшет, ва дигар воситаҳои иттилоотӣ ба воя мерасанд, ки онҳо тавассути рамзҳои барномавии мувофиқ иҷрои амалҳои гуногунро анҷом медиҳанд ва ҳамасола пуриқтидортар, фарогиртар ва ихчамтар мегарданд. Имрӯз техникаи электронӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар истифода ончунон сода гардонида шудааст, ки кӯдакон ҳанӯз ба сухангӯӣ оғоз накарда, аз уҳдаи кор фармудани онҳо бе ягон душворӣ мебароянд. Аз ин рӯ, технологияҳои иттилоотии муосир мустақиман ба рушди техникии кӯдакону мактаббачагон таъсири мусбат расонида, дар ташаккули фарҳанги иттилоотии онҳо нақши бузург мебозанд.

Сипас, ба Назаров Аҳтам Пулотович- номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар мавзӯи «Технологияи  гузаронидани корҳои мустақилона дар раванди таълими фанҳои математика ва информатика бо истифода аз методи Пулот» баромад кард.

Зимни суханронӣ муҳтарам Назаров А.П. усули муосири методӣ (методи Пулот)-ро барои ҳалли масъалаҳои математикӣ ва техникӣ пешниҳод кард, ки барои донишҷӯёну омӯзгорон афзори хубӣ корию омузишӣ мебошад.

Файзализода Баҳрулло Файзалӣ – номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар дар мавзӯи «Хусусияти  ҳамгироёнаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо системаи маориф» баромад намуд.

Файзализода Б.Ф.  қайд кард, ки асри XXI гузариши босуръат аз ҷомеаи саноатӣ ба ҷомеаи иттилоотӣ хос аст ва ин гузариш тақозо менамояд, ки раванди таълим ба принсипҳои салоҳиятнокии касбӣ мутобиқ гардонида шавад. Низоми маорифи Тоҷикистон низ дар шароити кунунии рушди ҷомеа дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, таҳсилоти олии касбӣ, бо нигаҳдории дастовардҳои қаблии хеш, бар пояи имкониятҳои бавуҷудомадаи гузариш ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилот, муносибати босалоҳиятро ба таълими донишҷӯён роҳандозӣ карда истодааст.

Давлатов Раҳматулло – номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар мавзӯи «Муаммо ва роҳҳои самаранок татбиқ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар омодасозии касбии мутахассисони оянда»  ва Арабов Муллошараф Қурбонович-номзадии  илмҳои физикаю математика, дотсенти Донишгоҳи славянии Руссияю Тоҷикистон  дар мавзӯи «Таҷрибаи  дуруст ба роҳ мондани фанҳои таълимӣ барои ихтисосҳои информатика»  маърӯза кардаанд.

Дар охир омӯзгорон ва донишҷӯён ба  маърӯзачиён  мувофиқи мавзӯи баромаднамудаашон савол пешниҳод намуданд. Маърӯзачиён аз рӯи саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас гардониданд.

Сипас, муовини директор оид ба илм ва инноватсияи коллеҷи техникӣ Азимов Х.Ҳ. ба қисми саволу ҷавоб хотима бахшида, ба меҳмонон ва аҳли толор барои иштироки фаъолона дар бахши асосии конференсия сипосгузорӣ намуд.

Вобаста ба нақшаи корӣ ва барои идомаи кори конференсия дар бахшҳо дар толори китобхонаи коллеҷ масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифтаанд:

  • рушди илми технологияи информатсионӣ ва мушкилотҳо дар ҷараёни таълими он дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ.
  • татбиқи самараноки самтҳои технологияи информатсионӣ дар таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ.
  • нақши моделсозӣ, барномасозии компютерӣ ва идоракунӣ дар болоравии истеҳсолоти саноатӣ ва иқтисодиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷамъбасти кори конференсия ба меҳмону иштироккунандагон мачмӯи маводҳои конференсияи илмӣ – амалии  ҷумҳуриявӣ  дар мавзӯи «Омӯзиш ва татбиқи технологияҳои иттилоотии муоссир дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ» бахшида ба солҳои 2020-2040  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» тақдим карда шуд.  

 

Categories: News