Санаи 01.09.2021 дар толори фарҳангии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Дониш баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ як қатор меҳмонон, кормандону омӯзгорон ва волидайну донишҷӯён иштирок намуданд.
Муовини директор оид ба тарбия Қиматби Э. чорабиниро кушода эълон намуда, ҳамаи донишҷӯён ва хонандагонро бо Рӯзи Дониш табрик намуд, ва ба онҳо пеш аз ҳама саломатӣ, интизоми намунавӣ ва хониши хубу аълоро таманно намуд.
Сипас, муовини директор оид ба таълим Асроров З.М. суханронӣ намуд, қайд намуд, ки пешравии давлат ва иқтисодиёти кишвар аз самти маориф вобастагии калон дорад. Аз тамоми донишҷӯён даъват менамоям, ки аз донишҳои зомона бархурдор шуда, кӯшиш намоянд, ки дар озмунҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намоянд, ва дар арсаи ҷаҳонӣ давлати ҷавони Тоҷикистонро муаррифӣ намоянд.
Ҳамзамон, муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Х.Ҳ. суханронӣ намуда қайд намуд, ки бояд дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бисёртар маҳфилҳои илми донишҷӯён, мизҳои мудаввар, шабҳои саволу ҷавоб, гузаронидани дарсҳои кушод ба воситаи техникаи муосир ва нашр намудани мақолаҳои илмӣ-оммавӣ аз тарафи донишҷӯён ва омӯзорон зиёдтар карда шавад.
Дар охир муовини директор оид ба тарбия Қиматби Э. донишҷӯёни курсҳои якумро бо тартиботи дохилии коллеҷ шинос намуда, ба ҳар яки онҳо як маротибаи дигар соли пурбаракат ва баборорро таманно намуд.