Санаи 04.11.2022 дар толори маҷлисгоҳи коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ бахшида ба 28-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Конститутсия таҷассумгари адолат ва қонуният” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагон аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Конференсияро муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар оғоз бахшида, иштирокчиёнро ба муносибати 28-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол шодбош гуфт.
Иштирокдорони конференсия зимни баромадҳои худ дар мавзӯъҳои марбут ба паҳлуҳои гуногуни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, мавқеи ин санади муҳими сиёсиро дар замони муосир ва ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор ва назаррас унвон намуданд.
Ҳусейнзода Хусрав аз таърихи ташаккули санади тақдирсоз суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки Конститутсияи амалкунанда тамоми мунасибатҳои ҷамъиятиро фаро гирифта, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва омилҳои пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои ҷаҳони муосир мутобиқ гардонд.
Дар охири конференсия миёни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки масъалаҳои марбут ба қонунгузории кишварро дарбар мегирифт.