Санаи 24.11.2023 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Қазони Федератсияи Россия директори коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Саидзода Масрур Мирзохон бо директори коллеҷи энергетикии шаҳри Қазони Федератсияи Россия Хабибуллин Азат Ильгизарович бо мақсади эҷоди ҳамкориҳои мутақобилан судманди манфиати дуҷониба Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Тарафҳо ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои зерин созишнома ба имзо расониданд:
1) Таҳия ва татбиқи муштараки барномаҳои таълимӣ ва барномаҳои илмӣ дар соҳаи маориф.
2) Ҳаракати академии донишҷӯён, омӯзгорон ва олимон бо мақсади тайёр кардан, такмили ихтисос ва такмили фаъолияти илмию таълимӣ.
3) Гузаронидани тадқиқоти илмии муштарак, таҳқиқоти илмии фундаменталӣ ва амалӣ дар соҳаи маориф, татбиқи муштараки фаъолияти инноватсионӣ.
4) Иштироки мутақобила дар гузаронидани лоиҳаҳои байналмилалии таълимӣ, тадқиқотӣ ва илмию техникӣ, конгрессҳо, симпозиумҳо, конференсияҳо, семинарҳо, инчунин мубодилаи адабиёти таълимӣ ва илмӣ дар асоси дуҷониба ва бисёрҷониба.