Раёсати коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир ва дар бозори меҳнат ҷавобгӯ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, пайваста кӯшиш намуда истодааст.
Санаи 22.12.2023 раёсати коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бахшида ба Рӯзи энергетикҳо бо иштироки меҳмонон ва омӯзгорону донишҷӯён озмоишгоҳҳои электроэнергетика, телекоммуникатсия ва нақлиётро мавриди истифодабарӣ қарор дод.
Дар чорабинии мазкур меҳмононон: Амиров Ҷалолиддин – намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исматулло Зариф Исматулло – муовини директори иҷроияи муассиаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика”, Вазиров Амирҷон Катаевич – сардори шуъбаи кадрҳои муассисаи мазкур, Нарзуллозода Абдуқодир Садулло – мудири кафедраи физикаи эксперименталии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ
иштирок намуданд.
Директори коллеҷи техникӣ муҳтарам Саидзода Масрур Мирзохон ба сухан баромада, иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи энергетикҳо табрику таҳният гуфта, меҳмононро муаррифӣ намуда, чорабиниро ифтитоҳ намуд.
Зимни баромади хеш муҳтарам Саидзода Масрур Мирзохон қайд намуд, ки раёсати коллеҷи техникӣ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир ва дар бозори меҳнат ҷавобгӯ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, пайваста кӯшиш намуда истодааст.
Бо шарофати истиқлолияти кишвар баҳри беҳдошти сифати таълиму тарбияи коллеҷи техникӣ фаъолияти худро роҳандозӣ намудааст. Прогресси илмӣ – техникиро дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ наметавон бе истифодаи васею ҳамаҷониба ва самараноки энергияи электрикӣ тасаввур кард. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ таъкид менамояд: «Таҳкурсии асоситарини иқтидори иқтисодии ҳар давлат рушди соҳаи энергетика мебошад» Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги нерӯи барқӣ – обӣ метавонад масъалаи ба даст овардани истиқлолияти энергетикии худро дар солҳои наздиктарин ҳал намуда, дар таъмини дигар мамлакатҳо бо энергияи электрикӣ саҳмгузор бошад.
Саидзода М. қайд намуд, ки коллеҷи техникӣ барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи энергетика ва нақлиёт ва барои ба даст овардани истиқлолияти энергетикии кишвари азизамон пайваста кӯшиш мекунад.
Имрӯз озмоишгоҳҳои мазкурро барои гузаронидани корҳои амалӣ ва озмоишӣ мавриди истифодаи васеъ қарор медиҳем, ки дар онҳо корҳои озмоишӣ аз фанҳои тахассусӣ иҷро карда мешаванд. Озмоишгоҳҳои мазкур бо воситаҳои техникии таълимӣ ва маводҳои гуногуни аёнии методӣ-таълимӣ ба монанди макетҳо, таҷҳизотҳои ченкунандаи рақамӣ ва электронӣ ва дигар таҷҳизотҳои намудҳои гуногун, нақшаҳои гуногуни дастгоҳҳои электрикӣ ҷиҳозонида шуда, мавриди истифода қарор дода мешаванд. Ғайр аз ин корҳои озмоишӣ ба таври виртуалӣ бо воситаи барномаҳои махсуси компютерӣ аз фанҳои тахассусӣ дар ин озмоишгоҳҳо иҷро карда мешаванд.
Раёсати коллеҷ пайваста баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишҷӯён ҳамаи шароитҳоро муҳайё намуда истодааст. Директори коллеҷ муҳтарам Саидзода Масрур иброз дошт, ки мо омӯзгорону кормандони коллеҷ гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда кӯшиш менамоем, ки дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои дахлдори мамлакат камари химат баста барои гулгӯлшукуфии кишвари азизамон ҷидду ҷаҳд менамоем, ки саҳмгузор бошем.
Сипас, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Амиров Ҷалолиддин ба сухан, баромада қайд намуд, ки
ҳамасола 22 декабр Рӯзи энергетикҳо, ки дар саросари кишвари азизамон қайд карда мешавад, ҳамаи шумо иштирокчиёни ин чорабинӣ ва кулли кормандони соҳаро бо иди касбиашон – Рӯзи энергетикҳо муборакбод намуда, ба Шумо саломатӣ, умри бобаракат, хушбахтӣ ва комёбиҳои тозаи меҳнатӣ таманно менамоям. Бояд қайд намуд, кӣ дар қарни ХХI энергетика ба яке аз омилҳои муҳимтарини ҳастии давлатҳои олам табдил ёфта, бе энергетика рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ғайриимкон гардидааст. Аз ин лиҳоз, расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои ноил шудан ба ин ҳадаф тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Корҳои амалишудаистода дар соҳаи энергетикаи кишвар моро ба истиқлолияти энергетикаи мамлакат наздик менамояд ва тавре, ки Сарвари давлат таъкид менамоянд, дар солҳои наздиктарин мушкилоти энергетикӣ ба куллӣ аз байн меравад. Аз байн рафтани маҳдудияти интиқоли қувваи барқ ба аҳолӣ дар фасли сармо исботи гуфтаҳои болоянд.
Инчунин сардори шуъбаи кадрҳои муассиаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика” муҳтарам Вазиров Амирҷон Катаевич ба сухан баромада, ба муносибати Рӯзи энергетикҳо ба ҳар яки иштирокчиёни чорабинӣ саломатии бардавом, саодату хушбахтиҳои рӯзгорро таманно намуда, дар фатҳи қуллаҳои навин, дастоварду пирӯзиҳои Ватани маҳбубамон комёбиҳои нав ба навро орзу намуд.
Сипас, меҳмонон аз рафти фаъолияти озмоишгоҳҳо шинос шуда, аз раёсати коллеҷи техникӣ барои бунёд ва батистифода додани чунин озмоишгоҳҳои замонавӣ ва сривақтӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Бахши матбуот