Аз тарафи донишманди тоҷик Амрулло Нурализода китоби арзишманде рӯи чоп омад. Китоби мазкур дар ҳаҷми 196 саҳифа аз тарафи тарҷумон ва донандаи забонҳои ӯзбекию тоҷикӣ Амрулло Нурализода тартиб дода шудааст, ки ба дӯстии ин ду халқи ба ҳам бародар бахшида шудааст.

Китоб бо ҳадисҳо ва паёмҳои сарварони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев оғоз мешавад.

Дар саҳифаҳои минбаъда аз эҷодиёти адибони тоҷику ўзбек ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ намунаҳо оварда шудааст.

Ифтихор аз он дорем, ки чанд шеъри ноби мудири бахши фарҳанги коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бонуи сухан Акрамова Нуринисо Акбаровна низ дар тарҷумаи ӯзбекӣ роҳ ёфтааст.

Раёсати коллеҷи техникӣ ба муаллимаи азизу гиромӣ Нуринисо Акрамова дар ҷодаи фаъолияти эҷодияшон қалами сабз андар сабзро таманно менамоянд.

Бахши матбуот

 

Categories: News