Санаи 27.01.2024. дар “Кохи Суруш”-и пойтахт, бо иштироки муовинони Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, Абдураҳмонзода Абдураҳмон ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ҳамчунин муовинони Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои марказӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе муовинони ректорон, директорони коллеҷҳо, кормандони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ”-и шаҳри Душанбе, мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино, директорон ва ҷонишинони директорони муассисаҳои давлатии “Мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ” дар шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи касбии ҳудуди шаҳри Душанбе, афсарону сарбозон ва ҷавонони касбу кори гуногун, сохторҳои ҳамоҳангсоз ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Боиси ифтихору сарбаландист, ки дар ҷамъбасти чорабинӣ, барои ҳамкориҳои судманд ва дастгириҳои доимӣ ва фаъолияти пурсамар дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш зимни натиҷагирии соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе раёсати коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо ифтихорнома ва тӯҳфаи рамзӣ дар вазъияти тантанавӣ қадршиносӣ гардид.

Categories: News