Санаи 23.02.2024 дар толори фарҳнгии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ чорабинии фарҳангӣ, бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҳомиёни ватан” бо иштироки меҳмонон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ветеранҳои ҷанги Афғонистон: нозири бехатарии хадамоти амнияти фурудгоҳи шаҳри Душанбе, полковник – Одинаев Нураҳмад Гулаҳмадович, технологи калони обу ҳавосанҷии ноҳияи Варзоб, сержант – Азизов Сангинмурод Ҳафизович, раиси комиссияи тафтишотии ҷангу меҳнати ноҳияи Шоҳмансур, сержант – Боев Алиҷон Сулаймонович, сармуҳаррири моҳномаи “Навовари ҷавон” полковник – Қурбонов Ҳаким, инчунин ветеранҳои ҷанги Афғонистон сежант – Алиев Мансур Ашурович, сержант – Кабиров Ҳакимҷон Зайнитдинович, сержант – Ҳикматов Шарифҷон Имомиддинович, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни коллеҷ иштирок намуданд.
Чорабиниро директори коллеҷ, доктори илмҳои техникӣ муҳтарам Саидзода Масрур Мирзохон ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро ба муносибати ин санаи фархунда яъне 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, иброз намуд, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суббот 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ таҷлил менамоянд. Боиси хурсандист, ки бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 дар шароити ниҳоят таҷлил гирифта мешавад.
Сипас, тибқи сенарияи чорабинӣ ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши фарҳангӣ бо пешниҳоди шеъру суруд ва таронаҳои тараннумгари сулҳу дӯстӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор омӯзгорону кормандони коллеҷ бо ифтихорномаю сипосномаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати коллеҷи техникӣ қадрдонӣ гардида, ба меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби раёсати коллеҷи техникӣ тақдим гардид.