Санаи 21.02.2024 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани назария бо амалия, тибқи низоми дуалии таълим бо донишҷуёни курси 4-уми ихтисоси 2-25013201 факултети мухандисию иқтисодии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ таҳти роҳбарии мудири шуъбаи робитаҳои хориҷӣ Ҳакимов Зайиржан Рузибаевич дар ҶСП “АКТИВБОНК” дарси амалӣ баргузор гардид.

Аз тарафи муовини Раиси ҶСП “АКТИВБОНК ” н.и.и. Ёқубзода Мирҳаёт Миробид оиди бонки мазкур ба донишҷӯён маълумоти муфассал дода шуда, дарси амалӣ гузаронида шуд. Инчунин аз тарафи сардори мудири амалиётии ҶСП “АКТИВБОНК ” Холов Маъруф Диловаршоевич ва муовини СМА – сардори мизоҷон Султонов Озар Аҳрорхуҷаевич оиди амалиётҳои бонк, шуъбаи қарздиҳӣ, шуъбаи хазинадорӣ, шуъбаи ВИП ва шуъбаи мизоҷон маълумотҳои мухтасар дода шуда дарс бо саволу ҷавобҳо ҷамъбаст гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷараёни дарси мазкур дар низоми дуалии таълим аз тарафи Бонки мазкур тарзи кушодани мастер карта ба донишҷуён фаҳмонида шуда, дар ҷамъбасти дарс ба онҳо аз тарафи бонк кортҳои ройгон тақдим гардид.

Categories: News