Рўзи 05.03.2024 тибқи нақша – чорабиниҳои раёсати коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар толори китобхона бо ташаббуси мудири китобхона Турдиева Мавҷуда бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорон бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии илмӣ баргузор гардид.

Чорабиниро муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар оғоз намуда, ҳозиринро ба Рӯзи модар табрику таҳният намуда, қайд кард, ки “Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-Модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.”

Модарон арзандаи хамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯйи оламанд ва фарзандро дар ҳамаи ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Навозиши дастони модар барои фарзанд беҳтарин истироҳат аст, новобаста ба синну сол.

Сипас, тибқи сенарияи чорабинӣ донишҷӯёни фаъоли факултети муҳандисию иқтисодӣ баромад намуда, дар васфи Модар шеърҳо қироат намуданд.

Categories: News