Санаи 06.03.2024 дар толори фарҳангии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, чорабинии фарҳангӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар таҳти унвони “Эй кош, ки то абад намирад Модар” баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо иштироки аҳли раёсат ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи техникӣ баргузор гардид.

Дар оғоз директори коллеҷи техникӣ – Саидзода Масрур Мирзохон, занону модарони коллеҷро бо суханони гарму самимӣ ба муносибати Рӯзи Модар табрику муборакбод намуда, иброз дошт, ки бо шукургузори аз офтоби софу осудагии мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз ва ташаббусҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Модар дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Дар ҳақиқат, модарон ободии хонавода, дунёи маънавиёти оила, маърифати фарзандон, қадру манзалати шавҳар, пойдориву устувории оила аст:

Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,

Умеди рӯзгори дигаре ҳаст.

Агар чанде зи занҳо пайғамбаре нест,

Ҳама пайғомбаронро модаре ҳаст.

Сипас, тибқи сенарияи қисмати фарҳангии чорабинӣ бо шеъру сурудҳо дар васфи зан модар ва саҳначаи ҷолиб аз ҷониби донишҷӯён пешкаши ҳозирин гардид.

Дар фарҷоми чорабинии фарҳангӣ як қатор кормандону омӯзгорон ба ифтихорномаи раёсати коллеҷи техникӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Categories: News