Санаи 17.05.2024 дар толори фарҳнгии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бахшида ба Рӯзи “Ҷавонон” чорабинии фарҳангӣ фароғатӣ таҳти унвони “Ҷавонон нерӯи созандаи миллат” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур меҳмононон: Каримзода Нилуфар – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, Ҳомидзода Насим – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Авазова Гулсара – нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Назарзода Манучеҳр – сардори раёсати иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Маҳмудов Орзубек- мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуданд.

Қисмати тантанавиро директори коллеҷ муҳтарам Саидзода Масрур Мирзохон оғоз намуда, иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати “Рӯзи Ҷавонон” табрику таҳният гуфта қайд намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро нерӯи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳама соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф менамояд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзу пойдории истиқлолияти миллӣ, бунёди давлати муосир ва рушди ояндаи онро ба саҳми бевоситаи ҷавонон вобаста медонад ва бо истифода аз имконоти мавҷуда кӯшиш мекунад, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷавонон мунтазам беҳтар гардида, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.

Имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд. Воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррификунандаи давлату кишваранд. Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан нашояд. Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил мекунад. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ рушд мекунад ва солҳои минбаъда ба як давлати мутараққию пешрафтаи ҷаҳон табдил хоҳад ёфт. Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зӯру бозии худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан мешаванд.

Сипас, Каримзода Нилуфар – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Авазова Гулсара – нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба сухан баромада, ҳозиронро ба “Рӯзи ҷавонон” шодбош гуфтанд, ҳамзамон зикр карда шуд, ки “Ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеаву давлат ба ҳисоб мераванд. Талошҳои пайвастаи ҷавонони мо имрӯз ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон моро бовар бар он месозад, ки ҷавонон бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд”.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ гурӯҳи донишҷӯёни коллеҷи техникӣ дар васфи ҷавонон таронасароӣ намуда, порчаҳои назмӣ қироат намуданд, ки хотири иштирокчиёнро шод намуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор омӯзгорону кормандони коллеҷи техникӣ аз ҷониби ташкилоту мақомотҳои дахлдор бо сипосномаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Categories: News